Ҳушдори раиси ҷумҳури Украина ба мақомоти ин кишвар

Раиси ҷумҳури Украина аз мақомоти ин кишвар хост то бо сӯҳбат бо расонаҳо, барномаҳои Киевро дар майдони набардро фош накунанд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, раиси ҷумҳури Украина нигарони ифшои тактикҳои ин кишвар дар майдони набарди бо Русия аст.

“Владимир Зеленскӣ”, авохири рӯзи панҷшанбе дар изҳороте аз мақомоти ин кишвар хост то сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи тактикҳои низомии Киев алайҳи Русияро мутаваққиф кунанд.

Раиси ҷумҳури Украина чунин изҳоротеро мисдоқи сареҳи бемасъулияти тавсиф кард.

Дар пайи инфиҷорҳои рӯзи сешанбе дар як пойгоҳи ҳавои Русия дар Крим, рӯзномаҳои Нию-Йорк Таймз ва Вашингтон Пуст ба нақл аз мақомоти ношинос эълом карданд, ки неруҳои Украина масъули ин инфиҷор ҳастанд.

Дар пайи он раиси ҷумҳури Украина дар суханронии шабонаи худ тасреҳ кард, ки ҷанг қатъан замони баёнияҳои баландболо ва беҳуда нест. Ҳар чӣ ҷузъиёти камтаре дар мавриди барномаҳои дифоъи Украина фош шавад, иҷрои ин барномаҳои дифоӣ беҳтар хоҳад буд.

Владимир Зеленскӣ дар идома таъкид кард, ки агар ба думболи эҷоди титрҳои пур сару садо ва ҷанҷолӣ ҳастед, ин як масъала аст, ки сареҳан иқдоми ғайримасъулона аст. Агар хоҳони пирӯзӣ барои Украина ҳастед ин чиз мавзӯъи дигар аст ва бинобар ин бояд аз масъулияти худ дар қиболи ҳар калимае, ки дар мавриди барномаҳои дифоӣ ё муқобилаи давлати Украина ба забон меоваред, огоҳ бошед.

Раиси ҷумҳури Украина дар суханони худ хитоб ба мақомоти иёлтӣ, маҳаллӣ ва низомӣ ёдовар шуд, ки моҳи гузашта ӯ яке аз дӯстони қадимии худро, ки раиси сервиси амниятӣ ва яке дигар аз муттаҳидонашро, ки раиси додситони аршад бударо дар замони ҷанг канор гузошта ва далели барканории ин ду тан нокомии онҳо дар решакан кардани ҷосусони русӣ эълом шуд.

Дар ҳамин росто, “Ҳанна Малиар”, муовини вазири дифои Украина дар изҳороте унвон кард, ки сервисҳои амниятии Украина, таҳқиқотеро дар мавриди яке аз мавориде, ки мақомоти ин кишвар бо рӯзномаҳо сӯҳбат кардаанд, оғоз карда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад