Нигаронии расонаи исроилӣ аз таҳдиди дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон

Рӯзномаи исроили «Исроил Ҳаюм», дар матлабе перомуни суханони ахири Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз таҳдидҳои вай дар бораи зарурати ҳифзи манофеъ ва манобеи Лубнон, ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба нақл аз ал-Қудси ал-Арабӣ, рӯзномаи Исроил Ҳаюм дар матлабе ба қалами Удид Ғуронут навишт: «таҳдидҳои Ҳасан Насруллоҳ мабнӣ бар иқдом алайҳи таъсисоти исроилӣ дар сурати адами тазмини тамоми ҳуқуқи Лубнон дар заминаи тавлиди газ, сабаби тасриъи иртиботот байни Исроил ва Лубнон аз тариқи миёнҷии америкоӣ шуд, то инки қабли шурӯъи амалиёти иктишофи газ, дар мавриди марзҳои дарёӣ ба тавофуқ бирасанд.»

Дар идомаи матлаби ин рӯзномаи исроилӣ омадааст: «як манбаи наздик ба Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфтааст, ки агарчи ин гурӯҳ дар музокирот байни Исроил ва Лубнон ширкат накарда ва ин корро ба намояндагони давлати Лубнон вогузар кардааст, аммо танҳо ба гузоришҳое, ки дар бораи тавофуқ нашр мешавад, басанда накарда ва санади ниҳоиро қабл аз тасвиб баррасӣ хоҳад кард.»

Исроил Ҳаюм бо ишора ба инки Исроил таҳдидҳои Ҳизбуллоҳро содда намегирад, афзуд: «ҳафтаи гузашта кобинаи амниятии Исроил бо ҳузури аъзои аршади дастгоҳи амниятӣ дар ин бора баҳсу гуфтугӯ кард ва ҳамагон бар ин бовар буданд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ҳеҷ ваҷҳ шабоҳате ба Ҷиҳоди исломӣ надорад; на аз чиҳати ҳаҷми азими мушакҳое, ки дар ихтиёр дорад ва на ҷиҳати бурду диққате, ки ин мушакҳо аз он баҳраманд ҳастанд».

Нависандаи рӯзномаи исроилӣ дар поён мегӯяд: «масъала ин аст, ки ҳеҷ кас мутмаин нахоҳад буд дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таҳти таъсири ҷанги соли 2006 қарор дорад ва бори дигар ба ҷанги бо Исроил ворид нахоҳад шуд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад