Хоруғ мизбони ҳамоиши байналмилалии тиҷорӣ ва сармоягузории “Pamir Invest – 2022”

 Рӯзҳои 17-18 август дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистонии Бадахшон ҳамоиши байналмилалии тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, барпо мешавад.

Рӯзҳои 17-18 август дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бо ширкати сармоягузорони дохилӣ, хориҷӣ ва шарикони рушди ҳамоиши байналмилалии тиҷорӣ ва сармоягузорӣ таҳти унвони «Помир инуст» баргузор мешавад.

Рӯзҳои 17-18 август дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистонии Бадахшон ҳамоиши байналмилалии тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, барпо мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки қарор аст ин рӯйдод бо мушорикати густардаи сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони Вазорат ва ниҳодҳо баргузор шавад.

Ҳадафи ин ҳамоиши ҷазби сармоя барои тавсеаи заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон ва муаррифии фурсатҳои сармоягузории устони Бадахшон ба сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Гуфтанӣ аст, ки чунин ҳамоишҳое дар вилояти Бадахшон аз соли 2011 баргузор мешаванд. Дар ҳамоиши тиҷорӣ ва сармоягузорӣ, ки дар 6 август 2019 барпо шуда буд, беш аз 150 сармоягузор ва тоҷир, аз ҷумла раисон ва масъулони давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳида, Канада, Покистон, Афғонистон, Ҳинд ва Чин, ҳамчунин гурӯҳе тоҷирон аз шаҳри Душанбе, вилояти Бадахшон, Суғд ва Хатлон ширкат карда буданд.

Ҳамоиши байналмилалии тиҷорӣ ва сармоягузории «Помир инуст 2022» шомили бахшҳои мухталифе аз ҷумла санъат, энергӣ, гардишгарӣ аст ва интизор меравад, ки ширкаткунандагон дар он роҳҳои ҷазби сармояро барои тавсеаи иқтисодии вилояти Бадахшон, баррасӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад