Тоҷикистон посгоҳҳои марзӣ бо Афғонистонро тақвият мекунад

 Посгоҳи марзии мустақар дар минтақаи Шамсуддини Шоҳин, воқеъ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба маҳалли наздиктари марзи кишвар бо Афғонистон мунтақил шуд.

Посгоҳи марзии мустақар дар минтақаи Шамсуддини Шоҳин, воқеъ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ба маҳалли наздиктари марзи кишвар бо Афғонистон мунтақил шуд.

Зафар Гулзода, раиси ин минтақа дар як нишасти хабарӣ ин иттилоъро таъйид кард ва гуфт: «ин тасмим имкони тақвияти контрол ба марзҳои ду кишварро фароҳам мекунад».

Зерсохтҳои ин посгоҳи марзӣ дар маҳалли ҷадид дар моҳи майи мсол ва бо мушорикат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Вай афзуд: «маҳалли собиқи истиқрори посгоҳи марзӣ дар 20 километрии марз буд ва контроли мустақими марзҳо аз онҷо ғайримумкин буд. Посгоҳи марзии ҷадид дар маҳалле мустақар шудааст, ки барои контрол сахт беҳтар мебошад».

Гулзода изофа кард: «сомондеҳии бахши марзӣ ҳамчунон идома дорад, ба вижа ҷоддае дар ҳоли сохт аст, ки ҳудуди 30 километри он дар ҳоли ҳозир сохта шудааст».

Марз байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Шамсуддин Шоҳин, тавассути Рӯдхонаи Панҷ тақсим мешавад ва тӯли он 145 километр аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад