Насруллоҳ: аз инфиҷори Бандари Бейрут ба нафъи муқовимат истифода шуд

Насруллоҳ: муҳимтарин мушкили ҳодисаи Бандари Бейрут баҳрабардории сиёсӣ аз ин фоҷиа аст

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шаби панҷшанбе дар суханоне дар маросими азодории даҳаи аввали Муҳаррам дар Зоҳияи ҷанубии Бейрут гуфт, ки муҳимтарин мушкили ҳодисаи инфиҷори Бандари Бейрут баҳрабардории сиёсӣ аз ин фоҷиа аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард, ки ҳодисаи инфиҷори Бандари Бейрут барои ҳамаи лубнониҳо сахт буд ва муҳимтарин мушкиле, ки ин фоҷиа бо он мувоҷеҳ шуда, баҳрабардории сиёсӣ аз ин фоҷиа будааст.

Вай гуфт: “Аз ҷумла касоне, ки бояд дар ин фоҷиа мавриди накӯҳиш қарор гиранд тарафҳои сиёсӣ ва расонаӣ ҳастанд, ки аз ҳамон соатҳои аввалияи ин фоҷиа, аз он баҳрабардории сиёсӣ карданд”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “касоне ҳастанд, ки бо сӯи истифода зишт ва ғайриинсонӣ аз дарди хонаводаҳо дар хидмати аҳдофи сиёсии худ хостанд, то аз ин ҳодиса дар набард бо муқовимат ва Ҳизбуллоҳ истифода кунанд”.

Вай бо таъкид бар инки масъули аслии ба натиҷа нарасидани таҳқиқот дар ҳодисаи бандар ҳамон касе аст, ки ҳозир ба канорагирӣ нест, гуфт: “қозиён ва афсарони масъули ин ҳодиса ҳастанд, ки дар бораи онҳо таҳқиқ анҷом нашудааст”.

Насруллоҳ афзуд: “дар ҳодисаи инфиҷори бандар афрод бегуноҳӣ дар зиндонҳо ҳастанд ва агар мехоҳед ба ҳақиқат бирасед бояд ин парвандаро аз масири баҳрабардории сиёсӣ хориҷ кунед”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар поён хостори бетарафӣ дар масири расидагии қазоӣ ба парвандаи инфиҷори Бандари Бейрут ва муҷозоти масъулони ин ҳодиса шуд.

Пештар Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе хостори расидагии пок, одилона ва шаффоф ба парвандаи инфиҷори Бандари Бейрут бар асоси усули қонунӣ ва риояти стандартҳои яксон ба дур аз сармоягузории сиёсӣ ва таҳрикоти фирқаӣ ва заду бандҳои авомфиребӣ шуда буд.

Чаҳоруми августи 2020 инфиҷори маҳиб ва фоҷиабори Бандари Бейрутро ларзонад, ки сабаби кушта шудани 220 нафар ва захмӣ шудани беш аз 6 ҳазор нафари дигар шуд, аз ҳамон замон ангушти иттиҳом ба сӯи режими саҳюнистӣ ва авомили он дар Лубнон нишона рафт.

Бисёре аз таҳлилгарон ва коршиносон масоили минтақа ин режим ва авомили онро муқассири инфиҷор ин бандар эълом карданд; инфиҷоре, ки дар як анбори ҳовии ду ҳазору 750 тонна нитрат омуниюм дар Бандари Бейрут сурат гирифт ва сабаб шуд бисёре аз сохтмонҳои атрофи ин бандар ба таври комил вайрон шавад.

Устондори Бейрут мизони хисоратҳои ворида дар асари ин инфиҷорро беш аз 10 миллиард доллар эълом кард.

Ба думболи ин инфиҷор шуморе аз мақомҳои лубнонӣ аз ҷумла мудири кулли гумрук, мудири кулли бандар ва шуморе дигар аз масъулони муртабит, ки муттаҳам ба айб доштан дар ин фоҷиа маҳсуб мешуданд, дастгир шуданд, ки ҳамагӣ аз ҷараёни 14 марти Лубнон буданд, ҳамчунин аз сӯи бозпурси қазоии вижаи парвандаи расидагӣ ба ин парванда барои нохудо ва молики киштии Молдова, ки эълом шуда чанд соли пеш ин маҳмулаи нитрати омуниюмро ба Бандари Бейрут ҳамл ва онро раҳо карда буд, ба унвони ду фарди хориҷии ғайрилубнонӣ қарори боздошт содир шуд.

Мақомоти лубнонӣ авохири соли пеш аз кашфи 20 тонна моддаи хатарноки химиёвии «нитрат омуниуюм» дар минтақаи «Балъабак» хабар доданд. Ин ҳамон моддае аст, ки боиси инфиҷори маҳиби соли гузашта дар Бандари Бейрут шуд.

Рӯзнома ал-Ахбори Лубнон низ соли гузашта гузориш дода буд, ки соҳиби комюни ҳомили ин мавод, дорои иртибот бо Иброҳим буданд. Расонаҳои Лубнон ин дуро муртабит бо ҳизби нируҳои лубнонӣ ба раҳбарии Самир Ҷъҷаъ, сиёсатмадори масеҳии наздик ба Арабистони Саудӣ медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад