Дар кишвар сафари “Ненси Пелоси” ба Тайванро маҳкум карданд

Коммунистҳои кишвар  сафари Ненси Пелоси ба Тайванро ба шиддат маҳкум карданд ва ин иқдоми намояндаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро иштибоҳи бузурги Амрико хонданд.

Коммунистҳои кишвар аз воқеае, ки тамоми ҷаҳон онро муҳокима мекунад — сафари Ненси Пелоси ба Тайван — дар канор намонда, мавқеи худро баён карданд ва ин иқдоми намояндаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро маҳкум карданд ва онро иштибоҳи бузурги Амрико хонданд.

Ҳизби коммунистии кишвар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кард, ки аз амалҳое, ки амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунад ва дар сиёсатҳои кишварҳои дигар дахолат накунад.

Ин ҳизб пас аз сафари раиси маҷлиси намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ненси Пелоси ба Тайван чунин изҳорот дод ва гуфт, ки “қатъан зидди ин сафар” аст.

Ин ҳизб изҳордошт “Мо сафари ӯро ҳамчун як иғвои рӯшан дар рӯҳияи хатти таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба боздоштани ҳамаҷонибаи Чин мешуморем”.

Сиёсатмадорони тоҷик бар инанд, ки муносиботи миёни Чин ва Тайван – ба сиёсати дохилии Чин марбут аст ва набояди кишварҳои дигар дар ин хусус дахолат кунанд.

Ҳизби комунистии кишвар аз Вашингтон даъват кард, ки воқеияти нави геополитикиро эътироф кунад, ки дар он дигар барои гегемонияи Амрико ҷойе нест.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, омодагии худ барои ба ҷанг кашидани тамоми ҷаҳонро ба намоиш гузошт.

Коммунистони кишвар таъкид карданд, ки Чин ҳақ дорад, дар масъалаи Тайван барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ чораҳои заруриро бинад.

Қайд карда мешавад, ки Ҳизби комунистии Тоҷикистон мавқеи Ҳизби комунистии Чинро доиман тарафдорӣ мекунад.

Лавров дар изҳороте, ҳадафи сафари Ненси Пелосиро ба Тайван ошкор кард ва гуфт: “Мо бар ин боварем, ки танҳо як Чин вуҷуд дорад, ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳукумати қонунӣ аст, ки тамоми Чинро намояндагӣ мекунад ва Тайван як қисми ҷудонашавандаи Чин аст”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад