Бедиҳии 28 миллион долларии Афғонистон ба ширкати Барқи тоҷик

 Раиси ширкати «Барқи тоҷик» эълом кард дар ҳол ҳозир бедиҳии ширкати барқрасони Афғонистон барои барқи дарёфтшуда аз Тоҷикистон 28 миллион доллар аст.

Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар нишасти матбуотӣ аз бедиҳии ширкати «барқрасони Бершнои Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дод.

Бинобар суханони вай, дар ҳоли ҳозир бедиҳии ширкати давлатии Бершнои Афғонистон ба тарафи тоҷик 28 миллион доллар буда ва бо мушкилоти марбут ба интиқоли пул аз ҳисобҳои ширкати мазкур дар бонкҳои Афғонистон муртабит аст.

Бар асоси таъкиди раиси ширкати Барқи тоҷик, дар ҳоли ҳозир раёсати ширкати Бершнои Афғонистон дар талош барои рафъи ин мушкилот аст.

Асозода илова кард, ки дар моҳи июли имсол ширкати Бершнои Афғонистон 2 миллион доллар ба ҳисоби бонкии ширкати Барқ тоҷик мунтақил кард.

Ба гуфтаи вай, кор дар ин росто идома дорад ва мобақии бедиҳӣ марҳила ба марҳила бозпрдохт хоҳад шуд.

Раиси ширкати Барқи Тоҷикистон тасреҳ кард: «содироти барқ идома дорад ва ҳеҷ мушкиле дар ин замина вуҷуд надорад. Тамоми зерсохтҳои лозим чӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чӣ дар хоки Афғонистон дар ҳоли кор қарор доранд.»

Ба таъкиди вай, мавориди қатъи содироти барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба таври қобили таваҷҷӯҳе коҳиш доштааст.

Дар поёни моҳи декабри соли гузашта раёсати Барқи Тоҷикистон ва ширкати Бершнои Афғонистон протоколеро ба тавофуқномаи соли 2008 дар мавриди арзаи барқ ба ин кишвар то соли 2028 мелодӣ ба имзо расонданд, ки содироти рӯзона 400 мегаватт соат дар давраи баҳор – Тоҷикистон (моҳи май– сентябр) ва 25-30 мегаватт соат барқ дар давраи терамоҳ – замистон (октябр – апрел) дар соли 2022 пешбинӣ мекунад.

Бар асоси ин қарордод, ширкати Бершнои Афғонистон барои ҳар киловатт соат барқи дарёфтӣ аз Тоҷикистон 4.66 сент пардохт мекунад.

Бинобар гузориши тарафи тоҷикӣ, дар нимаи аввали солӣ ҳудуди 734 миллион киловатт соат барқ ба Афғонистон содир шудааст.

Ба таври куллӣ бо ҳисоби арзаи барқ ба Узбакистон, маҷмӯи содироти барқи Тоҷикистон дар январ то июни соли ҷорӣ ҳудуди 1.6 миллиард киловатт соат будааст.

Дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба таври куллӣ 7 миллиарду 659 миллион киловатт соат барқ тавлид шудааст, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта ба ҳаҷм 71 миллион киловатт соат бештар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад