Афзоиши содироти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

Дар нимсоалаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 215 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулот содир кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 600 ҳазор доллар бештар аст.

Дар нимсоалаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 215 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулот содир кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 600 ҳазор доллар бештар аст.

Қисми асоссии содироти Тоҷикистонро маҳсулоти хом ва канданиҳо ташкил медиҳанд.

Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар якҷоягӣ бо нерӯи барқ 1180,3 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ беш аз 27 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15 миллиону 500 ҳазор доллар ё 28,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар мавриди ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ин рақам дар 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 110 ҳазор тонна, аз ҷумлаи беш аз 75 ҳазор тонна сабзавот, 19 ҳазор тонна меваи хушк, беш аз 15 ҳазор тонна мева ва дигар навъхои маҳсулоти хоҷагии кишлоқ будааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Тоҷикистон рушди тиҷоратро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад.

Содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон афзоиш ёфта, воридот нисбатан коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми содирот ба Қазоқистонро афзоиш додааст. Дар ин муддат ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя ба маблағи 245 миллион доллар мол фиристодааст.

Ба гуфтаи намояндагони хадамоти гумруки кишвар, ин рақамҳо нисбат ба соли гузашта 51% бештар аст. Аз моҳи январ то июни соли 2021 Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 161,6 миллион доллар коло фиристодааст.

Маълум аст, ки дар соли 2022 аз ҷумҳурӣ маъдан, консентратҳои мис, сурб ва руҳ содирот мешавад. Арзиши умумии онҳо 216,8 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коҳиши воридот ба Тоҷикистон аз Қазоқистон мушоҳида мешавад. Аз моҳи январ то июни соли 2022 ба кишвар ба маблағи 397 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 0,4% камтар аст.

Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни ҷумҳуриҳо дар ин давра 14,5 фоиз афзоиш ёфта, 642,2 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле ки аз моҳи январ то июни соли 2021 дар сатҳи 560,4 миллион доллар буд.

Қаблан консули генералии Тоҷикистон Равшан Бобохонзода ва раиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов дар бораи таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба мувофиқа расида буданд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми муомилоти мутақобилаи вилоят бо ҷумҳурии ҳамсоя дар 5 моҳи соли 2022 6,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 76,5 фоиз зиёд мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад