Ҳушдори Бонки .Ҷ. аз таварруми ҷаҳонии маводи ғизоӣ

Гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, аз замони ҷанги Русия таварруми маводи ғизоӣ дар бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа ба шиддат афзоиш ёфта ва ҳатто чандин кишвари сарватманд низ дар чархаи афзоиши қиматҳо гирифтор шудаанд.

Гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, аз замони ҷанги Русия таварруми маводи ғизоӣ дар бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа ба шиддат афзоиш ёфта ва ҳатто чандин кишвари сарватманд низ дар чархаи афзоиши қиматҳо гирифтор шудаанд.

Украина ва Русия қабл аз оғози ҷанг дар авохири феврал, ҳудуди як сеюми содироти ҷаҳонии гандумро ба худ ихтисос дода буданд.

Рӯзномаи «Гордиян» рӯзи сешанбе ба нақл аз ёфтаҳои Бонк Ҷаҳонӣ навишт, аз замони даргирии Русия ва Украина бо афзоиши таварруми маводи ғизоӣ чандин кишвари сарватманд низ дар чархаи афзоиши қиматҳо гирифтор шудаанд ва ба ҳамин хотир бисёре аз кишварҳо дучори буҳрони пардохти бидеҳиҳо хоҳанд шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ афзуд, бисёре аз кишварҳо ба мизони 1 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ бо афзоиши ҳазинаҳои маводи ғизоӣ ва бархе дигар низ нотавон аз маҳори ин гаронӣ, дучори буҳрони тамомайёри пардохт бидеҳиҳо хоҳанд шуд.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омада, ки теъдоди кишварҳои сарватманди дучори таварруми шадид низ ба шиддат афзоиш ёфта ва 78. 6 дарсади ин гуруҳ аз таварруми маводи ғизоӣ ранҷ мебаранд.

Тавофуқи 120 рӯзаи Русияву Туркия ва Украина дар авохири июл тазминкунандаи содироти ғаллот шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар гузориши худ эълом кардааст, ки ҷони ҳудуди 8 миллион кӯдаки то синни 5-сола ба иллати ғизои серӣ надидан, дар хатар аст.

Бар асоси ин гузориш, бештари ин кӯдакон дар 15 кишвари дунё умр ба сар мебаранд, ки аз таъсири хӯроки серӣ нахӯрдан  ва камбуди таҷҳизоти тиббӣ  осеби ҷиддӣ дидаанд. Дар қатори  кишварҳои бӯҳронӣ Афғонистон, Эфиопия, Ҳаитӣ ва Яман низ шомиланд.

Камғизоӣ боиси заиф шудани масъуният мегардад, ки ин ҳол  хатари марги кӯдакони синни то 5-соларо нисбат ба кӯдакони серғизо 11 маротиба меафзояд. Тибқи гузориш, аз аввали соли 2022 илова бар шумори қаблӣ 260 000 кӯдак аз норасоии ғизо азият мекашанд.

Бар асари низоъ дар Укроин ва идомаи тағйирёбии бошиддати иқлим, хушксолӣ, ё селборонҳои ҳалокатовар дар бархе аз манотиқи ҷаҳон нархи маводи ғизоӣ босуръат боло рафтааст. Гузоришгарон  мегӯянд, ки идомаи таъсири  иқтисодии COVID-19 низ ба камғизоии кӯдакон боис мешавад.

ЮНИСЕФ гуфт, ки барои муқобила ба бӯҳрони қарибулвуқӯъ ба як баста  кумаки 1,2 миллиард долларӣ аз ҷомеаи байналмиллалӣ ниёз ҳаст.

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ гуфт: “Роҳбарони ҷаҳон, ки дар нишасти G7 дар Олмон гирди ҳам  омадаанд, як равзанаи хурди имконот доранд, ки барои наҷоти ҷони ин кӯдакон иқдом кунанд. Фурсатро зоеъ гузаронидан лозим нест. Мунтазири сар задани гуруснагӣ будан, ин интизори марги кӯдакон будан аст ”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад