Дарёфти кумаки 115 м $ Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак”

Расонаҳо аз ихтисоси кумаки молии 115-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” хабар доданд.

Расонаҳо аз ихтисоси кумаки молии 115-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” хабар доданд.

Ин маблағ барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” тайи солҳои 2022 то 2030 ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи “ТоҷВик”.

Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ 226 миллион доллар масраф хоҳад шуд, ки 57 миллион доллари он кумаки ройгон ва 169 миллион доллари дигар воми камбаҳра мебошад.

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегавати феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегават афзоиш хоҳад ёфт.

Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак” оғози расмӣ бахшида буд.

Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО “Норак” таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Мақомоти ширкати Барқи Тоҷик гуфтаанд: Барои пур шудани сади неругоҳи Норак бояд баландии об ба 910 метр бирасад, ки бо афзоиши вуруди об дар рӯзҳои ахир интизор меравад дар моҳи октябр ин иттифоқ биафтад ва дар ин сурат заминаи ҷорӣ нашудани лимити барқ дар Тоҷикистон фароҳам мегардад.

Акнун баландии оби сади неругоҳи Норак 895 метр аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 13-у ним метр камтар аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар ҳар шабонарӯз 47 миллиону 400 ҳазор киловатт соат барқ тавлид мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз 52 миллион киловатт соат барқ тавлид мешуд, ки 41 миллион киловатт соати он дар дохили кишвар масраф мегардид.

Коҳиши тавлиди барқи Тоҷикистон муҷиби қатъи интиқоли барқ ба Афғонистон ва Узбакистон шудааст.

Пж

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад