Таҳдиди бомбагузорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Тайван

Ҳамзамон бо боло гирифтани танишҳо дар пайи эҳтимоли сафари раиси маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван, расонаҳои Тайван аз таҳдид ба бомбагузорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии "Taoyuan" хабар додаанд.

 

 

Ба гузориши маобеи хабарӣ, расонаҳои маҳаллии Тайван гузориш медиҳанд, ки мақомоти иттилоотӣ дарёфт кардаанд мабни бар ин, ки се василаи инфиҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии «”Taoyuan”, дар шаҳри Тайпей пойтахти Тайван ҷосозӣ шуда аст.

Ба гузориши шабакаи “Russia today”, ин хабар дар ҳоле аст, ки бар асоси гузоришҳо, Ненси Пелоси раиси маҷлиси намояндагони Амрико, ки дар сафри осиёии худ ба сар мебарад, қарор аст имрӯз (дувум август) ба Тайван сафар кунад; Агарчи тибқи ин гузориш, ӯ аз фурудгоҳи дигаре ворид хоҳад шуд.

Рӯзномаи “United Daily News” гузориш дода, ки полис ҳавонаварди таҳқиқотиро пас аз таҳдиди бомбагузорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Taoyuan оғоз карда аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутаник”, ҳеҷ гуна тахлияе аз фурудгоҳ эълом нашуда, аммо аз коркунон хоста шуда ҳаддиаксари ҳушёриро ба кор гиранд.

Пештар, “Ҳу Шиҷин”, шореҳи рӯзнома чинии “Глобал Таймз” дар Твите дар хусуси вокуниши Чин ба сафари эҳтимолии Ненси Пелоси, раиси маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван, аз эҳтимоли иқдоми низомии Пекин хабар дод. Вай дар ин хусус навишт: бар асоси ончи медонам, дар вокуниш ба сафари эҳтимолии Пелоси ба Тайван, Пекин маҷмӯае аз иқдомоти мутақобил аз ҷумла иқдомоти низомиро танзим карда аст.

Дар рӯзҳои ахир гумоназаниҳои зиёде дар бораи сафари Пелоси раиси маҷлиси намояндагон Амрико ба Тайван ва ҳушдорҳои ҷиддии мақомҳои Чин дар бораи эҳтимоли тақобули низомӣ матраҳ шуда аст. Дар айни ҳушдорҳои пай дар пайи Чин, гуфта шуда, ки Пелоси қасд дорад асри имрӯз вориди ин ҷазира шавад.

Дар сурати ҳузури Пелоси дар Тайван, ин аввалин таваққуфи як раиси маҷлиси намояндагони Амрико дар 25 соли гузашта дар ин ҷазира аст ва дар замоне анҷом мешавад, ки равобити Иёлоти Муттаҳида ва Чин дар сатҳи поини қарор дорад.

Намояндаи Чин дар Созмони Милал ҳам бо баёни инки сафари раиси маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван амният ва саботи минтақаро таҳдид мекунад, ҳушдор дода Пекин иқдомоти қотеъиро барои ҳифзи ҳокимияти миллии худ анҷом хоҳад дод.

Чин Тайванро як устони медонад ва ҳамвора бо ҳаргуна тамос байни намояндагони Тайванӣ ва мақомоти ғарбӣ ба вижа масъулони олирутбаи сиёсӣ ё низомӣ аз кишварҳое, ки Пекин бо онҳо равобити дипломатик дорад, мухолиф аст. Пекин ҳамвора бо сафари мақомоти хориҷӣ ба ин ҷазира мухолиф буда ва мегӯяд ин сафарҳо, асли Чини воҳидро нақз мекунад ва сигналҳои нодурусте ба неруҳои ҷудоииталаби Тайван ирсол мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад