Далели ниёзи Ардуғон ба Исроил ба ривояти раиси собиқи “Моссад”

Дани Ятом гуфт: Раҷаб Тайиб Ардуғон, нигарони он аст, ки дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ интихоб нашавад ва барои афзоиши қудрати сиёсӣ рӯйкарди худро тағйир дода ва хостори наздикии равобит бо Исроил шуда аст.

 

Ба гузориши рӯзномаи “Ени Азия”, “Дани Ятом”, раиси собиқи Созмони Ҷосусии Моссади режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо як рӯзномаи юнонӣ гуфт, ки “Раҷаб Тайиб Ардуғон”, нигарони он аст, ки дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ интихоб нашавад ва барои афзоиши қудрати сиёсӣ рӯйкарди худро тағйир дода ва хостори наздикии равобит бо Исроил шуда аст.

Дани Ятом”, раиси собиқи Созмони Ҷосусии Моссади режими саҳюнистӣ дар посух ба ин савол, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон ба думболи чӣ аҳдофе аст, чунин гуфт: пай бурдан ба афкори Раҷаб Тайиб Ардуғон душвор аст, аммо Ардуғон аз замони донишҷӯӣ ва давроне, ки як сиёсатмадори ҷавон буд, рӯйои эҳёи императории Усмониро дар сар мепарвароанд.

Вай тасреҳ кард, ки аз назари Раҷаб Тайиб Ардуғон, кишварҳои ғарбӣ онгуна, ки шоистаи Туркия аст бо ин кишвар рафтор намекунанд зеро Ардуғон тасаввур мекунад, ки Туркия яке аз қудратҳои бузурги дунёст. Албатта дар солҳои ахир ҳамагон диданд, ки Ардуғон тақрибан бо ҳама вориди таниш ва даргирӣ шуд то худро қудратманд нишон диҳда.

Дар моҳҳои поёнии 2020 буд, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон дархости оддисозӣ ва равобити беҳтар бо давлати Бенёмин Нетонёҳуро пас аз намози ҷумъаи Истамбул матраҳ кард ва албатта мушовири аршади ӯ низ эълом кард, ки Туркия мунтазири чироғи сабзи давлати Бенёмин Нетонёҳу барои барқарории равобит ва эъзоми сафир аст ва ба сароҳат мегӯяд, кӣ: «агар Исроил ба андозаи як қадам по пеш бигузорад, Туркия шояд битавонад ду қадам ҷилватар биравад.»

Орзӯи давлати Ардуғон барои барқарории равобити беҳтар миёни Туркия ва Исроил чунон шиддат ёфта буд, ки танҳо мунтазири як чироғи сабзи давлати Бенёмин Нетонёҳу буданд то бо як қадами Исроил, давлати Ардуғон ду қадам ба сӯи беҳбуди равобит бо Исроил ва табодули сафир бардоранд. Дар воқеъ давлати Ардуғон барои беҳбуди равобит бо давлати Нетонёҳу ба “илтимос”, афтода буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад