Коҳиши мавонеи тиҷории Эрону Русия дар моҳҳои ахир

Раиси Утоқи бозаргонии устони Гелон, шимоли Эрон аз коҳиши ҷиддии мавонеи тиҷории Эрону Русия дар моҳҳои ахир хабар дод.

Ҳайати тиҷории Гелон рӯзи душанбе бо ҳузур дар Сарои тиҷории эрониён дар вилояти Астрахани Русия бо мудирони аршаду иқтисодии ин вилоят дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар кард.

Ҳодии Тезҳуши Тобон, раиси Утоқи бозаргонии Гелон бо баёни ин ки собиқаи таърихии Гелон – Астрахан ба ҷиҳати собиқаи тиҷории ин ду кишвар ҳоизи аҳамият аст, гуфт: Парвози мустақими Рашт – Астрахани Русия як зесохти бисёр муҳим барои осонсозӣ дар фаъолиятҳои тиҷорӣ барои бозаргонон ва тавлидкунандагон аст то тарафайн зимни суръат бахшидан дар мубодилоти тиҷорӣ битавонанд дар камтарин замони мумкин дар сурати ҳузур дар бозорҳои ҳадафи ду тараф бо якдигар ҳамкорӣ дошта бошанд.

Раиси Утоқи бозаргонии Гелон бо ишора ба мазоёи ҳамли бор бо роҳандозии парвоз дар масири Рашт – Астрахан афзуд: Фурсат барои тиҷорати Эрону Русия комилан муҳайё аст ва ду кишвар дар болотарин равобити сиёсӣ қарор доранд ва бо чунин равобити сиёсӣ тиҷорат ҳам бояд афзоиш ёбад.

Денис Афанасев, муовини ҳайати давлат ва Станислав Синченко, раиси Утоқи бозаргонии вилояти Астрахан низ дар ҷамъи туҷҷору бозаргонони эронӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад