Зиленский: Хориҷиҳо метавонанд дар артиши Украина хидмат кунанд

Владимер Зиленский, раисҷумҳури Украина дар фармоне иҷоза додааст, ки хоириҷҳо ҳам метавонанд қарордоди хидмат дар нируҳои мусаллаҳи Украинаро барои муддати 10 сол тамдид кунанд.

Владимер Зиленский, раисҷумҳури Украина дар фармоне, ки рӯзи душанбе аввали моҳи август имзо кард, иҷоза додааст, то шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни тобеият метавонанд қарордоди хидмат дар нируҳои мусаллаҳи Украинаро барои муддати 10 сол тамдид кунанд. Пеш аз ин, хориҷиҳо метавонистанд қарордоди хидмат дар артиши Украинаро, то панҷ сол тамдид кунанд.

Зеланскӣ ахиран аз омодагии худ барои анҷоми ислоҳоти асосӣ дар артиши ин кишвар хабар дода ва ёдовар шуд, ки мумкин аст аз улгӯи артиши Исроил дар ин замина истифода шавад.

Вазорати дифои Русия пеш аз ин эълом карда буд, ки теъдоди муздурони хориҷӣ дар Украина ба таври пайваста дар ҳоли коҳиш аст ва танҳо тайи чанд ҳафтаи ахир ҳудуди 400 нафар аз онҳо кушта шуда ва дар ҳоли ҳозир камтар аз 3 ҳазор муздур дар Украина фаъолият доранд.

ба гуфтаи яке аз фармондеҳони неруҳои мардумии Донетск, аксари муздуроне, ки дар минтақаи Донбасс дар тарафи украинӣ машғули ҷанг ҳастанд, аз се кишвари Полша, Англистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳастанд.

Рӯзи гузашта як мақоми Вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дод, ки муздурони хориҷӣ, ки аз Украина ба кишварҳои худ боз мегарданд, бо таҷрибаи низомии ба даст оварда, як таҳдиди амниятии ҷиддӣ барои зодгоҳи худ маҳсуб мешаванд.

Дипломати рус ин воқеиятро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, ки бархе кишварҳои узви НАТО аз истихдоми шаҳрвандони хориҷӣ тавассути Киев барои ширкат дар даргириҳои низомӣ дар Донбасс ҳимоят мекунанд. Ба гуфта вай, раванди истихдоми муздурон хориҷӣ натанҳо тавассути созмонҳои ғайридавлатӣ, балки тавассути намояндагиҳои дипломатики Украина дар дигар кишварҳо анҷом мешавад, ки ин иқдом носозгор бо муфоди тавофуқоти байналамилал аз ҷумла конвенсия Виан дарбораи мавриди равобити дипломатик аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад