Духтарони бо ҳиҷоб бояд ба ҳиҷоби худ фахр кунанд

Намояндаи Сенати Австралия, ки худ нахустин зани бо ҳиҷоб дар порлумони ин кишвар аст, Гуфт: аз духтарони ҷавоне, ки тасмими пӯшидани ҳиҷобро доранд мехоҳад, ки бо сарбаландӣ ин корро кунанд ва бидонанд, ки ҳаққи ҳиҷобпӯширо доранд.

Фотима Паймон, нахустин бонуи бо ҳиҷоби афғонтабории порлумони Австралия гуфт, ки интихоби вай ба унвони аввалин зани бо ҳиҷоб дар порлумони ин кишвар иттифоқи тааҷҷубовар буд.

Паймон гуфт, 10 сол пеш оё ҳамин порлумон қабул мекард, ки як зани бо ҳиҷобро интихоб кунад? Ба касоне, ки алоқаманд ҳастанд ба ман машварат диҳанд, ки чӣ бояд бипӯшам мегӯям, ки ҳиҷоб интихоби ман аст.

Вай афзуд, аз духтароне, ки тасмим доранд ҳиҷоб дошта бошанд мехоҳам, ки ин корро бо камоли ифтихор анҷом диҳанд ва бидонанд, ки онҳо дар бораи интихоби навъи пӯшиши худ ҳаққи ихтиёру интихоб доранд.

Ин намояндаи 27 солаи Сенати Австралия гуфт, ман намояндаи Австралияи замонавӣ ҳастам, ки мехоҳад пӯшидани ҳиҷобро оддӣ кунад.

Фотима Паймон духтари як паноҳанда аз Афғонистон аст, ки дар панҷ солагӣ ба ҳамроҳи волидайн ва се хоҳару бародараш ба Австралия муҳоҷират кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад