Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: оддисозии равобит бо Исроил натиҷае ҷуз зиён надорад

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман таъкид кард: “инҳироф ба самти оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ сазое ҷуз зиён надорад.”

Ба  гузориши ал-Минор, Абдулмалик Бадруддин, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар суханоне ба муносибати соли ҳиҷрии қамарӣ бо табрики чиҳил соли истиқомат ва пирӯзӣ ба Ҳизбуллоҳ ва Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли он, таъкид кард, ки дар тӯли 40 соли гузашта, Ҳизбуллоҳ улгуи мумтозе ироа кард ва он таваккул ба Худованд буд.

Абдулмалик Бадруддин изҳор дошт: “мардуми мо ва миллати озода дар Фаластин, Ироқ, Сурия, Эрон ва Ҳизбуллоҳ, улгуи хубе барои самараи таваккул ва эътимод бар Худованд ҳастанд.”

Вай таъкид кард: “инҳироф ба самти оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ сазое ҷуз зарар надорад. Дар ҳоле, ки устуворӣ дар масири ҳақ ва эътимод ба Худованд, ихлос, сабр ва огоҳӣ роҳи пирӯзӣ ва сарбаландӣ аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: “миллат бо пойбандӣ ба каломи Худо ва пойдорӣ дар масири воқеии худ дар муқобили душманони худ қиём карда ва устувор хоҳанд монд”.

Вай бо таъкид бар инки уммати исломӣ бо омӯзаҳои илоҳӣ метавонад ба тамоми талошҳои душманон, кофирон ва мунофиқин муқобила кунад, гуфт: “мунофиқон саъй доранд миллатро ба таслиму фармонбарии комил дароваранд ва мавзӯъи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро ҳам барои ҳамин ҳадаф матраҳ кардаанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад