Дархости ВКХ барои таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ дар доираи СҲШ

Сироҷиддин Муҳриддин дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шангхай пешниҳод кард, ки рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ таҳия шавад.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷа, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шангхай пешниҳод кардаст, ки дар доираи СҲШ рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ, ифротӣ ва сепаратистӣ таҳия карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз тавсеа додани ҳамоҳангсозии мавқеъҳои сиёсати хориҷӣ дар қолаби “ҳаштгона” ва аҳамияти ҳамкориҳои сиёсӣ дар доираи СҲШ таъкид кардаст.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи СҲШ тамаркуз намуда, азми Тоҷикистонро ҷиҳати афзоиши саҳмгузорӣ дар талошҳои дастаҷамъона дар ин самт таъкид кард, – хабар медиҳад Вазорати Корҳои Хориҷӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба аҳаммияти дастгирии ташаббусҳо, ки тақвияти муҳтавои рӯзномаи иҷтимоию иқтисодии СҲШ, инчунин ҳамбастагии стратегияҳои миллӣ барои рушди устувор ва тараққиёти минтақа равона гардидаанд, ишора кардааст.

Ӯ дар ин замина, аз пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ, то соли 2030 ёдовар шудааст.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин, раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 15-16 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, инчунин лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки ҷиҳати ба имзо расонидан дар натиҷаи саммити дарпешистода пешниҳод карда мешаванд, баррасӣ намуд.

Вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкории Шангхай ҳамчунин, раванди музокиротро оид ба дархости давлатҳо барои касби мақоми узвият дар СҲШ-ро муҳокима карданд.

Интизор меравад, дар нишасти навбатии СҲШ дар Самарқанд Эрон ба узвияти ин созмон пазируфта шавад.

Эрон, ки аз соли 2012 мақоми нозирро дар созмон дорад, ҳанӯз соли 2008 дар бораи қабул ба ҳайати созмон ба сифати узви комилҳуқуқ дархост пешниҳод намуд, лекин гуфта мешуд, ки яке аз мухолифони пайвастани Эрон ба ин созмон Тоҷикистон аст.

Ҳамин тариқ, баъди сардии чандсола байни ду кишвар, моҳи сентябри соли гузашта баъди розигии Тоҷикистон номзадии Эронро сарони кишварҳои узви созмон дастгирӣ карданд.

ВКХ Тоҷикистон мегӯяд, натиҷаи ҷаласаи Шӯрои вазирон дар Тошканд 16 қарор ба имзо расид, аммо аз пешниҳоди вазир оиди таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилоти террористӣ чизе нагуфт.

Ҳамчунин, вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ-ро раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад