Байден дубора ба коронавирус гирифтор шуд

Табиби Кохи Сафед эълон кард, ки санҷиши нави раисҷумҳури Амрико нишон дод, ки ӯ дубора ба коронавирус мубтало шудааст.

Табиби Кохи Сафед шоми шанбе эълон кард, ки санҷиши нави раисиҷумҳури Амрико, Ҷо Байден нишон дод, ки ӯ дубора ба коронавирус мубтало шудааст.

Табиби Кохи Сафед афзуд, ки ҳарчанд Байден гирифтори КОВИД-19 шудааст, вале вай ҳеҷ мушкиле надорад, аммо бояд то муддати муайян дар карантин бошад.

Байден низ фавран дар як паёми Твиттер навишт, ки имрӯз санҷиши коронаи ӯ мусбат буд. Президенти Амрико навишт, ки ин иттифоқ барои иддаи каме аз мардум рух медиҳад.

Байден гуфт, ки ӯ ҳеҷ нишонае надорад, аммо барои саломатии атрофиёнаш дар карантин хоҳад буд.

Ин дар ҳоле аст, ки табиби Кохи Сафед шоми сешанбеи гузашта эълон кард, ки президенти Иёлоти Муттаҳида тақрибан аз ҳама нишонаҳои корона шифо ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад