Ҳалокати муҳоҷирони меҳнатӣ дар сӯхтори Маскав

Аз миёни қурбониёни сӯхтори фоҷеабори хобгоҳ дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав 5 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ будаанд.

Аз миёни қурбониёни сӯхтори фоҷеабори хобгоҳ дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав 5 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ будаанд.

Миёни қурбониёни сӯхтори хобгоҳ дар Маскав 3 русиягӣ ва 5 муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ мебошанд, хабар дод РИА “Новости” бо такя ба манобеяш дар мақомоти изтирорӣ. Дар зимн манбаи ТАСС ҳамаи ҳалокшудагонро муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ гуфтаст.

Хобгоҳ дар кӯчаи Алмаато шаби 28 ба 29 июл рух дода, одамон ба далели панҷарабандӣ будани тирезаҳо натавонистаанд, мустақилона берун бароянд. Низоми огоҳӣ аз сӯхтор низ кор накардааст.

Ҳамдардияшро ба қурбониёни сӯхтор дар Маскав, шаҳрдор Сергей Собянин баён дошт.

Шаҳрдор навиштааст

“Мутаассифона дар сӯхтор дар кӯчаи Алмаато 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардиямро баён мекунам”.

Бар асоси иттилоияи аввалия сабаби сӯхтор фарсуда будани дастгоҳи барқӣ арзёбӣ шудаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда Маскав, Андрей Румянтсев ба расонаҳо гуфтааст, ки хобгоҳи мазкур бори охир моҳи июни соли равон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Мутахассисон 7 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор карда, барои ислоҳ ба роҳбарияти хобгоҳ дастур дода будаанд.

Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати шаҳрвандони ҷумҳурӣ будани ҳалокшудагон барои ба Ватан интиқол додани ҷасадҳо кумак хоҳад кард.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Владимир Путин дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия хабар дод. Роҳбари Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Русия кор мекунанд, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда доранд ва “пули дӯстӣ” миёни кишварҳо ҳастанд.

Путин гуфт: “Шумо медонед, мо шароити мусоидеро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ҷорӣ кардаем ва Шумо ҳамеша дар вохӯриҳои шахсии мо ин масъаларо ба миён мегузоред. Имрӯз ман метавонам бигӯям, ки ин муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисод саҳми арзанда доранд ва онҳо мисли як пули инсонӣ, пули дӯстӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳастанд”.

Ҳамзамон Владимир Путин гуфт, хушҳол аст, ки ба ин сарзамини дӯст ва шарики Русия омадааст.

Роҳбари Русия дар мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон гуфт, вазъи пандемияи коронавирус дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст ва ӯ аз дидор ба сарзамини дӯст ва муттаҳиди Русия хушҳол мебошад.

Вай афзуд, равобити ду кишвар амиқу эътимодбахш аст.

Путин зимни мулоқоти дуҷониба гуфт: “Мулоқот бояд қаблан баргузор мешуд, аммо мутаассифона, шароити пандемия маҳдудиятҳои худро ворид кард. Ҳоло вазъ беҳтар аст, аз ин рӯ, чуноне ки мувофиқа карда будем. имрӯз мо дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии дигари дуҷониба баргузор кардем. Ман хеле шодам, ки дар сарзамини дӯст ва ҳампаймонамон дар ин минтақа қарор дорам”.

Путин ҳамчунин Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки як рӯз пеш онро Тоҷикистон ҷашн гирифт, табрик кард.

Роҳбари Русия ва зимни таъкид ба нақши арзадаи муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия, аз рушди хуби равобити тиҷоративу иқтисодӣ тазаккур дод ва афзуд: “Муносибатҳои мо хеле амиқу эътимодбахш ҳастанд ва мо ҳампаймонем. Мо дар ҳама самтҳо кор мекунем”.

Ба гуфтаи вай, суръати афзоиши табодули коло миёни ду кишвар дар соли ҷорӣ дар сатҳи рекордӣ аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад