(RSF) хостори озодии рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик

Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) яке аз маъруфтарин ва пуртаъсиртарин созмонҳои журналистӣ, ки мақараш дар Парижи Фаронса аст, боздошти хабарнигорони тоҷикро, ки дар ин авохир иттфиоқ афтод, маҳкум карда, онро тариқае барои тарс додани журналистон номидааст.

Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) яке аз маъруфтарин ва пуртаъсиртарин созмонҳои журналистӣ, ки мақараш дар Парижи Фаронса аст, боздошти хабарнигорони тоҷикро, ки дар ин авохир иттфиоқ афтод, маҳкум карда, онро тариқае барои тарс додани журналистон номидааст.

Дар баёнияи ин созмон, ки 27 июл июл нашр шудааст, иттиҳоми мақомот алайҳи 4 хабарнигор — Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро қалбакӣ хонда шуда, раҳоии ҳарчи худтари онҳо талаб шудааст.

Раҳбари бахши Осиёи марказии Созмони «Гузоришгарони Бидуни Марз» Жана Кавела гуфтааст, Тоҷикистон бояд ба боздошти хабарнигороне, ки камбудиҳоро ошкор мекунанд, хотима диҳад.

Ин созмон бо нигаронӣ аз афзоиши таъқибу фишор бар журналистон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, навиштааст, «бо ҳадафи бастани даҳони хабарнигорон онҳоро бо иттиҳоми бардурӯғ боздошт мекунанд.»

Чор хабарнигори фаъоли тоҷик давоми моҳи июн ва июл боздошт шуданд ва мақомот онҳоро ба иттиҳоми гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, айбдор кардааст. Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.

Шоми 8 июл Завқибек Саидаминӣ ва рӯзи 9 июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд. Завқибек Саидаминӣ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда, бар зиддаш бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳамчунин, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур  боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав — 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Рӯзи 19 июли соли равон Вазорати корҳои дохила гуфт, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки

  • Далери Имомалӣ
  • Абдуллоҳ Ғурбатӣ
  • Завқибек Саидаминӣ
  • Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро

озод кунанд. Мақомот онҳоро ба иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, дастгир кардаанд. Наздиконашон “сохтаву бофта” медонанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад