Никарагуа сафири ҷадиди Амрикоро роҳ надод

Давлати Никарагуа аз вуруди "Ҳуго Родригес", сафири ҷадиди Амрико ба ин кишвар дар пайи суханронии ахири вай дар баробари кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико, ҷилавгирӣ кард.

 

Давлати Никарагуа аз вуруди “Ҳуго Родригес”, сафири ҷадиди Амрико ба ин кишвар дар пайи суханронии ахири вай дар баробари кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико, ҷилавгирӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, давлати Никарагуа аз вуруди Ҳуго Родригес, сафири ҷадиди Амрико ба ин кишвар дар пай суханронии ахири вай дар баробари кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, ҷилавгирӣ кард.

Бинобар ин гузориш, Ҳуго Родригес, ахиран дар суханронии худ дар баробари кумитаи равобити хориҷии маҷлиси Сенати Амрико изҳоротеро алайҳи давлати Никарагуа матраҳ карда буд.

Вазири хорҷаи Никарагуа дар паёме хитоб ба вазири хорҷаи Амрико таъкид кард, ки давлати Никарагуа суханони ахири Ҳуго Родригесро бар хилофи манофеъ ва ҳокимияти миллии худ медонад ва хостори ақиб нишинии Вашингтон аз ин мавозеъ аст.

Вай таъкид кард, ки суханони сафири ҷадиди Амрико дар Никарагуа баёнгари дахолати ошкор дар умури дохилии ин кишвар ва адами риояти асли эҳтироми мутақобил аст.

Ҳуго Родригес, ки ахиран аз сӯи Ҷо Байден. раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Никарагуа таъйин шуда, рӯзи гузашта (панҷ шанбе) дар баробари эъзои кумитаи равобити хориҷии маҷлиси Сенати Амрико гуфта буд, ки Никарагуа ба суръат дар ҳоли табдил ба як кишвари манфӯр дар минтақа аст.

Вай ҳокимияти кунунӣ дар Никарагуаро бо режеми диктатори ҳоким бар Доминикан дар даҳаи 50 мелодӣ муқоиса карда ва гуфта буд, ки тасмим давлати Никарагуа барои хурӯҷ аз тавофуқи тиҷорати озод бо Амрико, иқдоме хатарнок аст, ки бояд дар вокуниш ба он “Даниел Ортега”, (Daniel Ortega) раиси ҷумҳури Никарагуаро мавриди муҷозот қарор диҳем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад