Сафари Вазири хориҷии Чин ба Тоҷикистон

Мақомоти Чин гуфтанд, қарор аст вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар доираи сафараш ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой инчунин аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Мақомоти Чин гуфтанд, қарор аст вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар доираи сафараш ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой инчунин аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Сухангӯи ВКХ-и Чин Жао Лиян рӯзи 27-уми июл гуфт, Ван И рӯзҳои 28-29-уми июл дар Тошканд дар ҷаласаи вазирони СҲШ ширкат мекунад ва пеш аз ин ҷаласаву баъди он қарор аст дар Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сафарҳои расмӣ анҷом диҳад. Дар изҳороти сухангӯ таъкид шудааст, ки ин сафар бо даъвати вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо анҷом мешавад.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора хабаре нашр накардаанд ва ҳам маълум нест, ки барномаи сафари вазири чинӣ ва мавзӯи гуфтугӯҳояш дар Душанбе аз чӣ иборат хоҳад шуд.

Чин муҳимтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва то соли 2022 мизони сармоягузории ин кишвар аз марзи 3 миллиард доллар гузашта, қарзи хориҷии Душанбе дар назди Пекин 1 миллиарду 123 миллион долларро ташкил додааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо иҷрои тарҳҳое ба мисли бунёди роҳҳо, нақбҳо, истгоҳҳо ва хатти барқ шуруъ шуда, бо сохтмони иншооти муҳиме чун бинои порлумону ҳукумат идома меёбад.

Мунаққидон афзоиши торафти вобастагии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро аз Чин чун мояи нигаронӣ таъкид мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи доимии Конгреси миллии халқи Чин ба тақвияти равобити дуҷониба таъкид шуд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон ва Ли Ҷон Шу, раиси кумитаи доимии Конгреси миллии халқи Чин ба сурати маҷозӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор вазъият ва дурнмои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Раиси Кумитаи доимии Конгреси миллии халқи Чин гуфт: Пекин ва Душанбе таҳти раҳбарии роҳбурдии сарони ду кишвар шоҳиди тақвияти мустамари эътимоди мутақобили сиёсӣ, таъмиқи ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф ва дастовардҳои хуб дар чорчуби ибтикори “камарбанд ва ҷодда” будаанд.

Вай дар идома Тоҷикистонро ба тақвияти ҳамкории санъатӣ, кишоварзӣ, энергӣ, зерсохтҳо, иқтисод диҷитол ва вокуниш дар баробари бемории ҳамагири коронавирус ва ҳамчунин талош барои беҳбуди ҳамкории амниятӣ даъват кард.

Ин мақом чинӣ таъкид кард: “Кумитаи доимии Конгреси миллии халқи Чин омодаи идомаи ба иштирокгузории таҷрибаҳои худ бо парлумони Тоҷикистон дар заминаҳое монанди фақрзудоӣ, эҳёи рустоҳо ва тавсеаи кишоварзӣ аст.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар навбати худ таъкид кард, ки Тоҷикистон хостори густариши равобит бо Чин дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва амниятӣ аст.

Вай аз раиси Кумитаи доимии Конгреси миллии халқи Чин барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад