Шароити Афғонистон имкони тақвияти сохторҳои террористиро фароҳам мекунад

Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон гуфт: Шароити кунунии Афғонистон заминаҳои ташдиди фаъолияти сохторҳои террористии байналмилалӣ аз ҷумла Ал-қоида ва ҷазби мардуми оддӣ барои пайвастан ба онҳоро фароҳам мекунад.

Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар нишасти байналмилалии “Афғонистон, амният ва тавсеаи иқтисодӣ” гуфт: Нишасти Тошканд–майдони байналмилалӣ барои ҳаллу фасли чолишҳои Афғонистон аст.

Ба гуфтаи Вест, ҷомеаи ҷаҳонӣ алоқаманд аст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон бо терроризм муборизаи муассир анҷом диҳад, ки токунун дар ин росто ба муваффақиятҳои муайян даст ёфтааст.

Вай ҳамчунин таъкид кард: “Вашингитон ҳамчунон пойбанд ба ироаи кумак ба тасбити иқтисодии Афғонистон аст.

Ба гуфтаи намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, дар натиҷаи иқдомоти ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир шуд аз шадидтарин буҳрон инсонӣ дар ин кишвар монеъшуда ва аз замистон ҷони солим ба дар бурд.

Вай иддао кард: Амрико ҳамчунон бузургтарин эҳдокунандаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон аст ва аз августи 2021 ба ин кишвар муодили як миллиард доллар ихтисос додааст. Вашингтон ҳамчунин бо Бонки марказӣ ва давлати Афғонистон дар заминаи озод кардани дороиҳои ин давлат ҳамкорӣ мекунад.

Афғонистон Тошканд

Ю Сяоюн, намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон низ дар ин нишаст гуфт: Пекин Афғонистонро ба унвони як пули муттасилкунандаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ медонад.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир вазъият дар Афғонистон ҳамчунон муҳим аст, зеро афзоиши таҳдидот ва ситезаҷӯиҳо дар ин кишвар метавонанд натанҳо бар таъмини амнияти минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ низ таъсири манфӣ гузоранд.

Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон идома дод: Айни замон 23 миллион нафар бо ғизо таъмин нашудааст. Аксарияти мардум зери хатти фақр ҳастанд. Ин шароитро барои ташдиди фаъолияти сохторҳои террористии байналмилалӣ аз ҷумла Ал-қоида дар Афғонистон ва ҷазби мардуми оддӣ ба сафи онҳо эҷод мекунад.

Намояндаи вижаи Чин муътақид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд иқдомотеро барои ироаи кумак ба Афғонистон дар рафъи буҳрони инсонӣ дар ин кишвар иттихоз кунад.

Дар ин миён, мақомоти Чин омодаи ҳимоят аз иҷрои проектҳои фароминтақавӣ аз ҷумла хатти рейлии Мазори Шариф-Кобул-Пешовар ва хатти рейлии муттасилкунандаи Чини Ғарбӣ бо Осиёи Марказӣ ҳастанд. Иҷрои чунин проектҳои бузурге барои барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон ва ҳамчунин тақвияти ба ҳам пайвастагии минтақавӣ кумак хоҳад кард.

Дар ин нишасти байналмилалӣ, ки тавассути Вазорати умури хориҷаи Узбекистон бо ҳамкории Муассисаи мутолиотии роҳбурдӣ ва байни манотиқ созмондеҳӣ шуд, намояндагони вижа дар умури Афғонистон беш аз 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, минтақаи Осиё ва Уқёнусия, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ монанди Созмони Милали Муттаҳид, иттиҳодия Аврупо, созмони ФОУ, ЭКО, созмони ҳамкории Исломӣ, созмони ҳамкории Шангхай ширкат карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад