Таҳдиди Украина ба Тоҷикистон аз нигоҳи Додситони кулли Русия

Додситони кулли Русия дар дидор бо Юсуф Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ дар Душанбе гуфт, ки кишварҳои ИДМ бояд ба чӣ омодагӣ дошта бошанд.

Додситони кулли Русия дар дидор бо Юсуф Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ дар Душанбе гуфт, ки кишварҳои ИДМ бояд ба чӣ омодагӣ дошта бошанд.

Додситони кулли Русия Игор Краснов хабар додааст, ки паҳншавии зархаридон ва аслиҳа аз Украина барои кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон хатари ниҳоят ҷиддӣ дорад.

Дар дидор бо Юсуф Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш дар Душанбе, вай таъкид кард, ки хатар барои кишварҳои ИДМ дар робита ба авзоъ дар Украина афзоиш ёфтааст.

Краснов гуфт: “Имрӯз кишварҳои мо бо таҳдидҳои нав ва ниҳоят хатарнок рӯбарӯ ҳастанд. Дар миёни онҳо иштироки шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар амалиёти ҷангӣ ба ҳайси зархарид, паҳншавии силоҳ, муҳимот ва маводи мухаддир аст”.

Ба гуфтаи ӯ, барои рафъи чолишҳои нав, кишварҳои ИДМ ва ниҳодҳои интизомӣ бояд барномаҳои ҳамкориро барои баланд бардоштани самаранокии кор дар ин самт “навсозӣ” кунанд.

Дар ҷараёни музокирот Игор Краснов ва Юсуф Раҳмон барномаи ҳамкории ниҳодҳои назоратӣ то соли 2024-ро имзо карданд.

Краснов ҳангоми имзои санад гуфт: “Имрӯз кишварҳои мо бо таҳдидҳои нав ва ниҳоят хатарнок рӯбарӯ ҳастанд. Ин баланд бардоштани самаранокии амалҳои моро тақозо мекунад, зеро мо танҳо якҷоя метавонем ба муқобили ҷинояткорӣ мубориза барем. Анъанаи неки ҳамкориҳоямонро идома дода, имрӯз мо бо шумо як барномаи навбатии ҳамкориҳоро ба имзо мерасонем.”

Ба гуфтаи додситони кул, табодули таҷриба аллакай маҳсули худро хуб собит кардааст. Ҳамин тавр, кормандони ҳарду ниҳод оид ба назорати прокурорӣ ва таҳқиқоти илмӣ табодули афкору машваратҳо карданд.

Як рӯз пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо Краснов мулоқот кард. Онҳо доираи васеи масоили марбут ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқии Маскаву Душанберо баррасӣ карданд.

Ҳайати Русия рӯзи 25 июл барои ширкат дар ҳайати мушовараи Додситонии кулл вориди Тоҷикистон шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад