Исроил хостори тавофуқ дар музоқироти баҳрӣ бо Лубнон

Мақомоти Исроил аз тарси Ҳизбуллоҳи Лубнон хостори поён додан ба музокироти баҳрӣ ва расидан ба тавофуқ бо Лубнон то моҳи сентябри оянда шуданд.

Манобеи саҳюнистӣ гузориш доданд, ки мақомоти ин режим дар ҳоли фишор ворид овардан бар Вашингтон барои поён додан ба музокироти дарёӣ ва расидан ба тавофуқ бо Лубнон то моҳи сентябри оянда ҳастанд.

Дар ҳамин робита, канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки Телавив бар амрикоиҳо фишор ворид меоварад то тавофуқ бо Лубнон дар мавзӯъи музокироти дарёӣ то моҳи сентябри оянда ниҳоӣ шавад.

Бар ин асос, ин моҳ ҳамон муҳлати матраҳ шуда аз тарафи Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аст, ки дар изҳороти ахири худ таъкид карда буд дар сурате, ки тавофуқе дар парвандаи музокироти баҳрӣ ҳосил нашавад, натанҳо майдони газии Кориш, балки ҳар гуна фаъолияти истихроҷи нафту гази режими Саҳюнистӣ дар дигар ҷойҳо низ амнияти лозимро нахоҳад дошт ва мумкин аст аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳадафи ҳамла қарор гирад.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дарсади таҳдидот алайҳи Исроилро танҳо чанд ҳафта қабл аз замони расмии оғоз ба кори сакуи газии Кориш боло бурдааст вай таҳдид кард, ки ҳамаи сакуҳои газии мутааллиқ ба режими Саҳюнистӣ бо таваҷҷӯҳ ба инки бахше муртабит бо сакуи гази Кориш ҳастанд, дар тирраси Ҳизбуллоҳ қарор доранд.

Музокироти тарсими марзҳои дарёӣ дар шароити кунунӣ муаллақ боқӣ мондааст, Телавив хоҳони пойбандии Ҳизбуллоҳ ба тавофуқе аст, ки аз сӯи давлати Лубнон ба имзо мерасад, аммо чунин тавофуқе ҳанӯз эҷод нашудааст, бар ин асос мақомоти исроилӣ дар ҳоли фишор бар Амрикои барои поён додан ба музокироти дарёӣ то моҳи сентябри оянда (ду моҳи дигар) ҳастанд. Ин таърихе аст, ки дар суханони Насруллоҳ низ омадааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад