Дархости Тоҷикистон аз Русия барои омода кардани прокурорҳои тоҷик

Мақомоти тоҷик аз Маскав хостаанд, ки барои таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар риштаи додситонӣ квотаҳо ҷудо намояд. Ҳукумати Русия ба баррасӣ гирифтааст.

Мақомоти тоҷик аз Маскав хостаанд, ки барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи додситонӣ квотаҳо ҷудо намояд. Ҳукумати Русия ба баррасӣ гирифтааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостори таҳсили шаҳрвандони кишвар дар Донишгоҳи прокуратураи Русия тибқи квота шудааст. Ҳамтои русиягияш, Игор Краснов гуфтааст, масъала аллакай дар ҳукумат дар ҳоли баррасист.

Ба иттилои Додситонии кулли Русия масъалаи таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар риштаи прокуратура дар ФР, зимни мулоқоти Юсуф Раҳмон ва Краснов дар Душанбе баррасӣ гардид.

Краснов зикр намудаст, ки дар пайи дархости Юсуф Раҳмон барои ташкили таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарқиқи квота, додситонии Русия бо ин масъала ба ҳукумат муроҷиат намудаст.

Додситони кулли Русия илова намудааст: “Фикр мекунам, посух ба дарозо гузошта нахоҳад шуд”.

Вай зикр намудаст, ки дар ҳоли ҳозир имкони таҳсили додситонҳои тоҷик дар Донишгоҳи прокуратураи Русия аз рӯи барномаи такмили ихтисос имконпазир мебошад.

Краснов илова кард:”Чунин давраҳои омӯзишӣ тирамоҳи соли равон дар нақшаанд ва ман бо камоли майл кормандони додистонии кулли Тоҷикистонро барои иштирок дар онҳо даъват мекунам”.

Инчунин дар доираи сафари ҳайати додситонҳои Русия ба Душанбе, прокурорҳои меҳмон назди ҳамтоёни тоҷикашон суханронӣ дар масоили мубрами соҳа ибрози назар кардаанд.

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Русия зарурати таҳкими ҳамкориро дар шароити хуруҷи таҳдидҳои нав муҳим хондаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад