Ҳароси Амрико аз таслими Аврупо дар муқобили Русия

Як шабакаи амрикоӣ ба нақл аз мақомоти Амрико гузориш кард, ки Вашингтон нигарон аст, ки муъзали камбуди газ мунҷар шавад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар муқобили Русия ақибнишинӣ кунанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шабакаи “CNN”, ба нақл аз мақомоти Амрико гузориш кард, ки давлати Байден раиси ҷумҳури Амрико нигарон аст, ки камбуди гази ношӣ аз коҳиши арзаи нафт ва газ ва энергии Русия ба Ғарб мумкин аст иттиҳоди Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскавро тазъиф кунад.

Бино бар гуфтаи як манбаъ, “Амос Хочштейн”, ҳамоҳангкунандаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури энергии ҷаҳонӣ озими Париж ва Белгия шуда то дар бораи тарҳҳои эҳтиётии Амрико – Аврупо дар шароити камбуди газ дар замистон гуфтугӯ кунанд.

Шабакаи CNN бо ишора ба гуфтаи яке аз мақомоти Амрико гузориш кард: «таъсири (камбуди газ) бар Аврупо метавонад ба Иёлоти Муттаҳида низ бозгардад ва мунҷар ба афзоиши бешумори қимати гази табиӣ ва барқ шавад. Ин масъала ҳамчунин озмоиши бузурге аз инъитофпазирӣ ва иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия аст».

Бар асоси ин гузориш, ҳафтаи ҷорӣ, Вашингтон ҳамчунин қасд дорад бо кишварҳои аврупои дар бораи роҳҳои афзоиши тавлиди энергияи ҳастаӣ гуфтугӯ кунад. Ба вижа, Иёлоти Муттаҳида умедвор аст, ки давлати Олмонро тарғиб кунад то тарҳҳои худ барои ҳазфи тадриҷии истифода аз энергияи ҳастаиро ба таъвиқ андозд ва фаъолияти се неругоҳи ҳастаӣ худро тавсеа диҳад».

Рӯз душанбе, ширкати бузурги энергияи Газпроми Русия эълом кард, ки амалиёти як турбинаи дигари сохти Siemensро ба ҳолати таълиқ даровард, зеро ба нуқтаи таъмироти асосии худ расидааст. Ин мунҷар ба коҳиши зарфияти истгоҳи Компрессори Портовая ба нисф – аз 67 ба 33 миллион метри мукааб дар рӯз мешавад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳафтаи гузашта дар ин маврид ҳушдор дода буд.

Бар асоси гузориши хабаргузории русии ТАСС, хатти лӯлаи Ҷараёни Шимолӣ аз авосити июн танҳо бо 40 дарсад зарфият (67 миллион метри мукааб дар рӯз) ба далели таъхир дар бозгашти як турбинаи Siemens, ки барои таъмир ба Канада ирсол шуда буд, кор мекунад.

Дар пайи дархостҳои мутааддиди Олмон, Канада бо бозгардондани турбинаи таъмир шуда дар 9 июл мувофиқат кард. Бо ин ҳол, Газпром мегӯяд ҳанӯз масоили ҳал нашудае дар мавриди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Англис вуҷуд дорад, ки бояд қабл аз ҳамл ва насби турбина дар Русия ҳал шавад. турбинаҳои дигарро метавон барои таъмир мунтақил кард.

Тибқи ин гузориш, камиссияи Аврупо муддаӣ аст, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия шомили таҷҳизоти транзити газ намешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад