Ҳамкории омӯзишӣ ва низомии Қирғизистон ва Узбакистон

 Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо муовини аввали вазири дифоъ ва раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Узбакистон дидор ва тарафайн тавофуқномаи омӯзиши низомӣ имзо карданд.

Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо муовини аввали вазири дифоъ ва раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Узбакистон дидор ва тарафайн тавофуқномаи омӯзиши низомӣ имзо карданд.

Ирлис Тардикбоев, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо сарлашкар Шӯҳрат Холмуҳаммадов, муовини аввали вазири дифоъ ва раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Узбакистон дидор кард.

Дар ин дидор масъулони ситодҳои артиши ду кишвар тавофуқномаеро дар бораи созмондеҳии омӯзиши низомии Қирғизистон дар муассисаҳои омӯзиши олии низомии Узбакистон имзо карданд.

Ин ҳайат ба ҳамроҳи сарлашкар Холмуҳаммадов аз академияи неруҳои мусаллаҳи Узбакистон боздид карданд.

Раиси академия сарҳанг Бобуршоҳ Яъқубов, меҳмононро бо фаъолиятҳои донишгоҳ ва муассисоти низомӣ ошно карданд.

Сарлашкар Тардикбоев гуфт: «дидори ман аз академияи неруҳои мусаллаҳи Узбакистон барои тавофуқномаи ҳамкорӣ, ки имрӯз имзо шуд, бисёр муҳим ва муассири самар буд, зеро ошноии наздик бо шароити муассисаи омӯзиши олии пешрави минтақа, яке аз вазоифи аслӣ аст.»

Вай афзуд: «ин мавзӯъ аз аҳамияти вижае бархурдор аст, ки оғози марҳилаи ҷадиде аз ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои дифои кишварҳои мо дар заминаи омӯзиши низомӣ аст.»

Ҳайати Қирғизистон ҳамчунин аз кумитаи давлатии саноеи дифоии Узбакистон ва корхонаи таъмироти ҳавонаврдии Чирчиқ боздид кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад