Толибон: Дарки ҳақоиқи Афғонистон, интизори мо аз нишасти Тошканд

Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон, ки ба манзури ширкат дар нишасти байналмилалӣ бо меҳвари Афғонистон ба Тошканд рафтааст мегӯяд, таваққӯъ дорем, ки дар ин нишаст ҳақоиқи мавҷуди Афғонистон ва пешрафтҳое, ки дар ин авохир дар бахшҳои амният, иқтисод ва равобит суратгирифта, дарк ва сипас тасмим гирифта шавад.

 

Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон, ки ба манзури ширкат дар нишасти байналмилалӣ бо меҳвари Афғонистон ба Тошканд рафтааст мегӯяд, таваққӯъ дорем, ки дар ин нишаст ҳақоиқи мавҷуди Афғонистон ва пешрафтҳое, ки дар ин авохир дар бахшҳои амният, иқтисод ва равобит суратгирифта, дарк ва сипас тасмим гирифта шавад.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, “Амирхон Муттақӣ”, сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон дирӯз – сешанбе – қабл аз баргузории нишасти дӯрузаи байналмилалии Тошканд бо меҳварияти Афғонистон ба расонаҳо гуфт: “мо ҳозир ҳастем, ки бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таомул дошта бошем”.

Вай бо баён инки дар ҳоли ҳозир ҳукумати Толибон бар тамоми хоки Афғонистон тасаллути комил дорад гуфт: “умедворем, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ин фурсат истифодаи хуб карда ва бо таъмини амният дар ин кишвар сармоягузорӣ кунанд”.

Амирхон Муттақӣ гуфт: мо аз нишасти ду рӯзаи Тошканд таваққӯъ дорем, ки ҳақоиқи мавҷуди Афғонистонро дарк карда ва дар рӯшноӣ пешрафтҳои мо дар арсаҳои амният, иқтисод ва фаровардаҳо тасмими хуб бигиранд.

Нишасти дӯрузаи байналмилалӣ таҳти унвони “Нишасти амният ва рушди иқтисоди Афғонистон” бо ҳузури намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дирӯз дар Тошканд баргузор шудааст.

Нишасти Тошканд намоёнгари таомули хуби ҷаҳон бо Иморати Исломӣ аст.

Дар ҳамин иртибот муовини сухангӯи Толибон мегӯяд: нишасти Тошканд нишон медиҳад, ки Имораит Исломӣ бо таомули хуб аз сӯи кишварҳо мувоҷеҳ аст.

Билол Каримӣ, гуфт, ки Толибон аз як ҷойгоҳи бисёр олӣ дар нишасти Тошканд ширкат мекунад.

Ӯ бо баёни инки ҳайати эъзомии Толибон дар таркиби худ вазири молия ва намояндагоне аз бахшҳои дигар низ дорад, гуфт, ки ин ҳайат хостаҳо ва ниёзҳои Афғонистонро аз тариқи ин нишаст ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расонд.

Ба бовари оқои Билол Каримӣ, нишасти Тошканд нишон медиҳад, ки Толибон бо таомули хуб аз сӯи кишварҳо мувоҷеҳ аст.

Қарор аст конфронси байналмилалӣ бо меҳварияти Афғонистон ба муддати се рӯз дар Узбакистон баргузор шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад