Аврупо бо кумак ба Украина, ҷангро тӯлонӣ мекунад

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия бо баёни инки Иттиҳодияи Аврупо, чашми худро бар фасоди мақомоти Киев бастааст, гуфт онҳо бо тадовуми кумаки низомӣ ба Украина, дар хусуматҳои бештар сармоягузорӣ мекунанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Мария Захарова”, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия шомгоҳи душанбе аз тасвиби кумакҳои низомии бештар ба Украина дар Иттиҳодияи Аврупо ба шиддат интиқод кард.

Захарова бо судури баёниае гуфт, Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле, ки ба ирсоли силоҳ ба Украина идома медиҳад, чашми худро бар фасоди комили мақомоти Киев мебандад.

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости”, вай тавзеҳ дод: «дар тамоми панҷ моҳи гузашта бевақфа таслиҳоти ғарбӣ ба Украина идома дошт, онҳо саъй карданд ҳақиқати нохушояндро дар мавриди хатароти бесобиқаи ин сиёсат барои амнияти дохилии Иттиҳодияи Аврупо ва шаҳрвандонаш пинҳон кунанд».

Ин дипломати аршади русӣ бо баён инки мақомоти Аврупоӣ чашми худро ба рӯи фасоди мақомоти Киев бастаанд, изҳор дошт:«ҳама чиз қурбонии ҷоҳталабиҳои сарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узви он барои ворид кардани ҳарчи бештари осеб ба Русия шудааст».

Захарова таъкид кард Агентии муҷрии қонуни Иттиҳодияи Аврупо (Европол) акнун бояд ошкоро бипазирд, ки таслиҳоти ироа шуда ба Украина, дар кишварҳои Аврупоӣ худро нишон хоҳад дод ва зарродхонаҳои ҷиноёткорони созмонёфтаи маҳаллиро пур мекунад.

Вай натиҷагири кард: «тасодуфи нест, ки дар ёздаҳуми июл, маркази Иттиҳодияи Аврупо барои ҳимоят дар заминаи амнияти дохилӣ ва мудирияти марзҳо дар Молдова роҳандозӣ шуд, ки яке аз вазоифи калиди он ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа ва муҳоҷирон ба Иттиҳодияи Аврупо аст».

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар идомаи интиқодот аз содироти таслиҳоти ғарбӣ ба Украина, гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бо таъмин таслиҳот ва таҷҳизот ба Украина, ҷангро тӯлони мекунад.

РИА Новости, дар хабари дигаре ба нақл аз Захарова навишт: «Иттиҳодияи Аврупо бо таъмини таслиҳот ва таҷҳизоти низомӣ ба Украиниҳо, ба сармоягузори дар хусуматҳои бештар идома медиҳад. Дар айни ҳол, риёкорона аланан эълом мекунад, ки зоҳиран шохаи зайтуни ҷаҳонро ба Русия густариш додааст. Ҳаргуна талош барои дастёбӣ ба пирӯзӣ дар майдони ҷанг, роҳе мустақим ба партгоҳ барои Брюссел ва Киев аст».

Вай тахсиси пул барои таъмини таслиҳотро нишондиҳандаи адами тамоюли комили Иттиҳодияи Аврупо барои ҳаллуфасли сиёсии ҷанг дар Украина дониста ва афзуд: «дар муддати каме беш аз як сол аз вуҷуди сандуқи сулҳи Аврупо, ки бо таваҷҷӯҳ ба истифода аз он барои таъмини таслиҳот, дурусттар аст, ки онро “сандуқи ҷанг” биномем, 2.5 миллиард евро барои таслиҳи Украина ҳазина шудааст, ки тақрибан нимии аз будҷаи он то сол 2027 аст».

Пеш аз ин, як мақоми иттилооти артиши Англис бо иддаои тадовуми даргириҳои бенатиҷа байни неруҳои русӣ ва украинӣ дар ду минтақаи Донбасс ва Херсон, гуфта буд, ки артиши Русия ба думболи ақибкашидани тонкҳо ва мошинҳои осебдида барои таъмир аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад