Оё натиҷаи нишасти Узбекистон боиси эътирофи Толибон дар Афғонистон мешавад?

Узбекистон рӯзҳои душанбе ва сешанбе оянда мизбони ҳайатҳое аз 20 кишвар аст, ки нигарони амнияти минтақа ва ҳузури гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ҳастанд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Узбекистон дар ин хусус омадааст, Тошканд душанбе ва сешанбе (25 ва 26 июл) як нишасти байналамилалиро дар бораи вазъияти ҷории Афғонистон бо ҳузури намояндагони 20 кишвар ва созмонҳои байналамилалӣ баргузор мекунад, то дар мавриди равобити дипломатикии давлати сарпарасти Афғонистон (Толибон) бо кишварҳои ҳамсоя ва сулҳу амният дар он гуфтугӯ ва ҳатто тасмимгирӣ шавад.

Тибқи ин баёния, ин нишасти ду рӯза бо ҳадафи тасҳили рӯйкардҳо барои ҷавомеи байналамилалӣ барои таомули беҳтар дар равобити дипломатик бо Афғонистон ва ҳамчунин баланд бардоштани сулҳу амният дар ин кишвар баргузор мешавад то манофеи мардуми чанд миллиятии Афғонистон таъмин шавад.

Бар асоси гузоришҳо қарор аст дар пайи ин нишаст дар бораи Афғонистон дар рӯзҳои 28 ва 29 июл низ як нишасти дигар аз суи кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шангхай дар ҳамин шаҳр баргузор шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин кишвари буҳронзадаи ношӣ аз сиёсатҳои Ғарб ба вижа Амрико ва НАТО ба самти буҳрони дигари ба вуҷуд овардаи Амрико, яъне Украина дар шарқи Аврупо ҷалб шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад