Нақшаи махфии интиқоли дафтари Агентии яҳудӣ аз Маскав ба Телавив

Чанд рӯз қабл, ки фаъолияти ин агентии яҳудӣ аз тарафи Русия манъ шуда буд, расонаҳои яҳудӣ аз талошҳои махфёнаи Агентии яҳудӣ барои интиқоли дафтари худ аз Маскав ба Телавив гузориш доданд.

Маскав фаъолияти Агентии яҳудӣ дар хоки Русияро ғайриқонунӣ эълон карда ва хостори таваққуфи он шуда буд.

Бар асоси гузориш манобеъ, Агентии яҳудӣ дар ҳоли кор бар рӯи тарҳи маҳрамонае барои интиқоли дафтари худ аз Маска ба сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) аст.

Тибқи гузориши сайти хабарии Русия Ал-явм, Ожонси яҳудӣ ба таври махфиёна тарҳеро барои интиқоли фаъолитҳои худ аз Русия ба Исроил барномарезӣ карда ва кантроли раванди муҳоҷиратро аз роҳи дур пайгирӣ мекунад.

Як манбаи наздик ба Агентии яҳудӣ ба сурати маҷозӣ эътироф кардааст, ки “Коркунони Ожонси яҳудӣ дар ҳоли ҷамъоварии васоили худ, тақсими вазоиф, танзими фаъолитҳо ва маъмуриятҳои ҷадиди худ ҳастанд.”

Ин манбаъ фош кард, ки Агентӣ ба ин нукта огоҳ аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ роҳи ҳалле барои вазъияти душвори қонуние, ки дар бора он дар Русия ба вуҷуд омада вуҷуд надорад; бино бар ин онҳо дар талошанд, то системае эҷод кунанд, ки ба касоне, ки дархости муҳоҷират доранд, аз роҳи дур хадамот ироа диҳанд.

Ду пеш буд, ки манобеи исроилӣ бо ишора ба таниши физоянда миёни Телавив ва Маскав, гузориш доданд Русия ба Ожонси яҳудӣ дар ин кишвар дастур додааст тамоми фаъолитҳои худро дар хоки Русия мутаваққиф созад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад