Додситони Русия вориди Тоҷикистон шуд

Ҳайати Русия барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи додситониҳои кулли ин кишвар ва Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ҳайати Русия барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи додситониҳои кулли ин кишвар ва Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов, прокурори генералӣ бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омадаст.

Манбаъ иттилоъ додааст :

“Дар ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд” .

Ҳамчунин дафтари матбуоти прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду ниҳод дар назар аст.

Қайд карда шудааст, ки меҳмонон зимни сафарашон ба Тоҷикистон аз осорхонаи этнографӣ ва Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии “Кохи Наврӯз” дидан карда, ба пояи лавҳаи ёдгории Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе гулчанбар мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зимни вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов Ёддошти тафоҳум дар мавриди самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия барои солҳои 2022-2025, ки ба густариши равобити дуҷониба равона гардидааст, ба имзо расонида шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Русия дар поёни дидори худ санади ҳамкорӣ оиди авлавиятҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 имзо карданд.

Краснов дар ҷараёни музокирот бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамкории фаъоли ниҳодҳои ду кишвар таъкид карда ва афзуд, ки чунин ҳамкориҳо бар баробари афзоиши хатарҳои ҷиноии фаромиллӣ аҳамияти бештаре пайдо мекунанд.

Вай гуфт: “дар канори таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, фасод, пулшӯӣ, ниҳодҳои муҷрии қонун бо чолишҳои ҷадиде дар фазои маҷозӣ рӯбарӯ ҳастанд.”

Додситони кулли Русия афзуд: “буҳрон дар Афғонистон хатарҳои қобили таваҷҷуҳеро ворид кард, ки кулли минтақаи АвруОсиёро таҳти таъсир қарор медиҳад.”

Вай дар Идома ба зарурати ҳамоҳангии талошҳои муштарак бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз нуфузи намояндагони ҷунбишҳои ифротӣ ва террористӣ ба қаламрави кишварҳои Ҳамсуд, аз ҷумла таҳти пӯшиши паноҳандагон таъкид кард.

Краснов ҳамчунин бо таъкид ба зарурати ҷилавгирӣ аз эҷоди каналҳои ҷадиди қочоқи маводи мухаддир гуфт: “ҳамонтавр ки медонед бештари вақтҳо дар масири шимолӣ аз тариқи фурӯши бидуни тамон дар Доркнет бо истифода аз пардохтҳои арзҳои рамгузорӣ шуда анҷом мешавад.”

Вай илова кард: “ин масъла натанҳо иқдомоти муштаракро зарурӣ месозад, балки таҳияи иқдомоти вокунишии наву замонавӣ, муассир ва аз ҳама муҳимтар иқдоми ба мавқеъ дар баробари таҳдидҳои навзуҳурро тақозо мекунад.”

Дар ин мулоқот ёддошти тафоҳум ва санади ҳамкорӣ дар мавриди абъоди авлавиятдори ҳамкорӣ байни додситониҳоҳои кулли Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022-2025 ба имзо расид.

Краснов гуфт, ки имзои ин санади ҳамкорӣ ба густариши равобити дуҷониба байни Русия ва Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар поёни ин музокирот, додситони кулли Русия аз Юсуф Раҳмон барои истиқболи гарму самимона ташаккур кард ва ибрози итминон кард, ки марҳилаи феълии азсаргирии равобит байни мақомоти марбутаи ду кишвар ба мавқеъ ва дар хидмати манофеи умумии мардуми ду кишвар аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад