Вуруди беш аз 200 ҳазор ваксинаи Pfizer ба кишвар

Дар чорчуби барномаи COVAX теъдоди 204 ҳазору 750 воя ваксинаи Pfizer, ки Амрико истеҳсол кардааст вориди Тоҷикистон шуд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки тайи 6 моҳи гузаштаи соли равон тақрибан 2 миллион воя ваксинаи Модерна, 900 ҳазор воя Pfizer ва беш аз 1 миллион воя AstraZeneca ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Дар маҷмуъ, аз замони оғози эмгузаронӣ таҳти механизми COVAX ба Тоҷикистон беш аз 15 миллион воксин ворид шудааст.

Тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли ҷорӣ, эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад