Бунёди корхонаи тавлиди зарфҳои чинӣ дар Тоҷикистон

Ин воҳиди саноъатӣ ба муносибати номгузории солҳои 2022 - 2026 бо унвони тавсеъаи саноъатӣ дар Тоҷикистон сохта хоҳад шуд .

Ин воҳиди саноъатӣ ба муносибати номгузории солҳои 2022 – 2026 бо унвони тавсеъаи саноъатӣ дар Тоҷикистон сохта хоҳад шуд .

Қарор аст ба ҳамин муносибат 23 воҳиди саноъатӣ дар Турсунзодаи Тоҷикистон сохта шавад .

Парвиз Акрамзода-раиси ноҳияи Турсунзода гуфт : ” Масъӯлони ширкати маҳаллии “Амонҷон” тасмим гирифтанд корхонаи тавлиди зарфҳои чиниро дар ноҳия бисозанд ” .

Вай гуфт : Мудирони ширкати Амонҷон бо такия бар таҷрубаҳои гузашта ва илми мутахассисон тасмим ба сохти корхона гирифтанд .

Раиси ноҳияи Турсунзода изҳор кард,ки дар ҳоли ҳозир зерсохтҳову коргоҳҳои аслӣ дар ҳоли бунёд аст ва пас аз итмоми сохт насби таҷҳизот оғоз мешавад .

Ба гуфтаи Парвиз Акрамзода маҳсӯлоти корхона аз тамоми стандартҳои байналмиллалӣ бархурдор хоҳанд буд .

Вай ҳамчунин гуфт : Дар шаш моҳи соли ҷорӣ арзиши тавлидоти саноъатии ноҳияи Турсунзода 485.8 миллион сомонӣ буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 75 миллион сомонӣ муодили 18.2 дарсад афзоиш доштааст .

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19,1 млрд сомонӣ расонид шудааст.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки суръати афзоиш нисбат ба соли сипаригардида 117,3 дарсадро ташкил додааст.

Масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон илова кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли спаригардида ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин вазорат иттилоъ додааст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои солҳои дахлдор дар ҳамин давра бе назардошти соҳаҳои энергетика, об ва табъу нашр ба 15,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 126,3 дарсад ва бо нархҳои муқоисавӣ бошад ба 122,3 дарсад расонида шудааст.

Масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки бо назардошти вазъи баамаломада нишондиҳандаи мазкур байни ИДМ баландтарин ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои вазорат бештар аз ҳама маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.

Таносуби минтақаҳо дар таркиби маҳсулоти саноатии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 чунин аст: Вилояти Суғд – 11128 млн. сомонӣ, Хатлон – 4316 млн. сомонӣ, НТҶ – 1966 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе – 1593 млн. сомонӣ ва ВМКБ – 77,3 млн. сомонӣ

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад