Арабистон бо саҳюнистҳо ба кадом сӯ мераванд?

Бо вуҷуди инки мақомоти Арабистони Саудӣ аз ошкор кардани робитаи худ бо саҳюунистҳо худдорӣ мекунанд, аммо шавоҳиди мавҷуд нишон медиҳад, ки Арабистон ва Исроил дар масири оддисозии равобит қарор доранд.

Бо вуҷуди инки мақомоти Арабистони Саудӣ аз ошкор кардани робитаи худ бо саҳюунистҳо худдорӣ мекунанд, аммо шавоҳиди мавҷуд нишон медиҳад, ки Арабистон ва Исроил дар масири оддисозии равобит қарор доранд.

Арабистон дар даврони ҳукумати Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ шоҳиди ҳамгароӣ бо режими Исроил будааст. Ин кишвар замоне, ки Иморот ва Баҳрайн дар даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико тавофуқномаи оддисозии робита бо Исроилро имзо карданд, мухолифат накард ва вокунише нишон надод.

Ба гузориши хабаргузории “Маёдин” Баҳрайн ва Иморот бо чароғи сабз ва ризояти Арабистон бо Исроил равобити дипломотикӣ барқарор карданд ва ин масъала нишондиҳандаи тамоюли Арабистон барои оддисозии равобит бо Исроил аст; чароки Баҳрайн пайрави сиёсати Арабистони Саудӣ аст.

Арабистони Саудӣ рӯз ба рӯз қадамҳои бештаре ба сӯи оддисозии робита бо Исроил бармедорад ва иқдомотеро бо ҳадафи омодасозии фазои сиёсӣ ва умумӣ барои пазириши оддисозии равобит бо Исроил дар Арабистон ва соири кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс анҷом медиҳад. Ҳамонтавр, ки Муҳаммад бин Салмон ахиран дар гуфтугӯе бо маҷаллаи Отлонтик эълом кард: “Мо Исроилро як душман намедонем, балки ба унвони як шарики билқувва дар бисёре аз манофеъе, ки метавонем бо ҳам думбол кунем, менигарем.”

Амрико бозигари аслӣ дар моҷарои оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Исроил аст. Ин мавзӯъ амалан дар сафари Ҷо Байден, раисҷумҳури Амирико ба минтақаи Осиёи Ғарбӣ ва мувофиқати саудиҳо бо боз шудани ҳарими ҳавоии Арабистон барои парвози ҳавопаймоҳои исроилӣ ба хубӣ мушаххас аст. Барқарории ин хатти ҳавопаймоӣ марҳилаи нахусти ба расмият шинохтани режими саҳюунистӣ ва иттифоқи манфӣ дар корномаи Арабистон ба шумор меравад.

Давлати Амрико дар сафари худ ба минтақаи Ғарби Осиё ба думболи ҳадафи бузурге яъне пешбурди оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо Исроил ва эҷоди як эътилофи арабӣ бо ҳузури Исроил буд. Аммо Ҷо Байден дасти холи ба Кохи Сафед баргашт; чароки вай дар ибтидо бояд эътимоди кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форсро ҷалб кунад. Давлатҳои минтақа ба хубӣ дарк мекунанд, ки Амрико тавонои дифоъ аз масолеҳ ва манофеи асосии дӯстони минтақавии худро надорад.

Давлати Ҷо Байден тасмим дорад, ки дар раванди оддисозии кишварҳои арабӣ бо режими саҳюунистӣ, аз Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико низ фаротар равад, барои инки имрӯз давлати феълии Амрико ба раёсати Ҷо Байден нақшаи муттаҳид кардани Исроил бо кишварҳои арабиро матраҳ кард, ки ин лоиҳа барои мардуми минтақаи Ғарби Осиё аз лоиҳаи оддисозии робита бо Телавив низ хатарноктар аст. Зеро ин лоиҳа сирфан ба равобити сиёсӣ ва дипломотикӣ байни кишварҳои арабӣ ва режими саҳюунистӣ маҳдуд намешавад; балки шомили ҳавзаҳои дигаре аз ҷумла ҳавзаи амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ , варзишӣ ва фарҳангӣ ва ғайра ҳам мешавад ва мумкин аст шакли дигаре ба худ бигирад, ки як таҳдиди хатари бузург барои кишварҳои исломӣ ва мусалмонҳо бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад