Ситораи мусалмони сенегалӣ марди соли футболи Африқо шуд

Садио Мане, ситораи мусалмони тими миллии Сенегал ба унвони бартарин футболисти қораи Африқо интихоб шуд ва ҷоизаи худро дарёфт кард.

Маросими интихоби бартаринҳои футболи қораи Африқо дар соли 2022 баргузор шуд ва Садио Мане, муҳоҷим ва капитани тими миллии Сенегал ба унвони беҳтарин футбалисти сол интихоб шуд.

Мане, ки ба тозагӣ аз Ливерпул роҳии Бавария шудааст, фасли гузашта бо Ливерпули Англис қаҳрамони ҷоми ҳазфӣ ва Иттиҳодия шуд ва то финали Лигаи қаҳрамонии Аврупо ҳам пеш рафт.

Вай ҳамроҳ бо тими миллии Сенегал ҳам муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии Ҷоми миллатҳои Африқо шуд ва тавонист нақши муҳиме дар бартарии тимаш муқобили Миср ва роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ ифо кунад.

Дувумин бор аст, ки ӯ ба унвони беҳтарин бозикуни соли Африқо интихоб мешавад. Ин муҳоҷими сенегалӣ аввалин бор дар соли 2019 замоне, ки дар Ливерпул буд ин ифтихорро касб кард ва ба унвони беҳтарин бозикуни соли Африқо интихоб шуд. Ин бозикуни 30 сола моҳи гузашта пас аз имзои қарордоди се сола ба Бавария пайваст.

Ӯ тавонист Муҳаммад Салоҳ аз Миср ва Идвард Мендӣ, ҳамватанаш ва дарвозабони Челсиро канор бизанад ва марди соли Африқо шавад. Мане ва Салоҳ фасли гузашта бо Ливерпул қаҳрамони ҷоми ҳазфӣ ва Ҷоми иттиҳодияи Англис ва ноиб қаҳрамони Лигаи бартар ва Лигаи қаҳрамонони Аврупо шуданд ва ҳар ду нақшҳои меҳварӣ дар ин тим ифо карданд.

Мане баъд аз маросим гуфт: ман худамро дар ҳоли рақобат бо ҳеҷ бозикуне намебинам. Ман фикр мекунам расонаҳо ҳамеша саъй мекунанд авзоъро бад нишон диҳанд. Ман бо ҳар бозикуне, ки дар дунё бо ӯ бозӣ кардаам, робитаи хубе дорам. Метавонед аз ҳар касе, ки мехоҳед дар бошгоҳ ё ҳар ҷое, ки ман меравам бипурсед. Ман бо ҳамаи бозикунон равобити хубе дорам.

Ин футбалисти мусалмони қораи Африқо, ки ба илҳомбахшии соддазистӣ маъруф шудааст, бонии бисёре аз корҳои хайр дар рӯстои маҳалли таваллудаш буда ва ин рӯстои ношинос ва дурафтодаро дигаргун кардааст. Вай соли гузашта маблағи 693 ҳазор доллар барои кумак ба сохти бемористон дар зодгоҳаш Бомболӣ дар Сенегал кумаки молӣ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад