Раҳмон: Авзоъ дар Афғонистон бадтар хоҳад шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна гуфт: «бар асоси пеш бинииҳои мо, авзоъ дар Афғонистон аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.»

 

 

Ба гузориши манобеи хабрӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар шаҳри “Чолпон-Ута”-и Қирғизистон тасреҳ кард: вазъият дар Афғонистон раванди рӯ ба вахомати бештаре дорад ва ин рӯйдодҳо натанҳо бар Осиёи Марказӣ метавонад таъсири манфӣ дошта бошад балки мунҷар ба тағйироти геополотикӣ дар тавозун ва қудрат дар кулли минтақаи Евразия хоҳад шуд.

Вай гуфт: раҳбари Толибон ҳеҷ иқдоме барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Афғонистон дар мавриди машрӯъияти ҳукумати худ, тавонои кантроли авзоъ дар кишвар ва тазмини амнияти шаҳрвандон ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии навзҳур иттихоз накарда аст.

Раиси ҷумҳури кишвар афзуд: дар муқобил, бархилофи ваъдаҳо, Толибон бо мушорикати густурдаи ҳамаи неруҳои сиёсӣ ва қавмӣ ба ҳар тариқи мумкин аз эҷоди давлати фарогир ҷилавгирӣ хоҳанд кард.»

Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид аст, ки давлати Толибон ба шакли кунунӣ қодир ба ҳалли масоили мудириятии кишвар нест. вай изофа кард: «дар айни ҳол, Толибон як сиёсати таҳоҷумии табъезомез алайҳи гурӯҳҳои қавмии мухталиф ва муҳофиза кории шадиди мазҳабиро оғоз кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури кишвар дар чаҳорумин нишасти машваратии раҳбарони Осиёи Марказӣ дар “Чолпон-Ута” тасреҳ кард: охирин рӯйдодҳо дар Осиёи Марказӣ ҳокӣ аз ин аст, ки неруҳои мухталиф ҳамчунон барои бесубот кардани авзоъ дар минтақа барномарезӣ мекунанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ин нишаст бо судури як баёнияи муштарак, мизбон баъди риёсати нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки панҷумин давраи он хоҳад буд, ба ҷумҳури Тоҷикистон вогузар шуд. Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ҳамкорони худ пешниҳод дод, ки мавзӯъи вуруди ҷумҳурии Озарбойҷон дар нишасти баъдиро баррасӣ кунанд.


Дар ин нишаст нақшаи роҳи тавсеаи ҳамкориҳои минтақаи кишварҳои Осиёи Марказӣ байни солҳои 2022-2024 барраси шуд.

Дар ҳошияи ин нишаст, Қосим Такаев, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзоев, раисони ҷумҳури Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон тавофуқ номаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷворӣ ва ҳамкори барои тавсеаи Осиёи Марказӣ дар қарни бисту якумро имзо карданд.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт: мутмаин ҳастам, ки ин санади муҳим, таъсири мусбат бар раванди наздик шудани бештари кишварҳои минтақаи мо ва таҳкими талошҳои муштарак барои ғалаба бар чолишҳо ва таҳдидҳои замона хоҳад дошт. Содир Ҷабборов гуфт: ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва ман умедворам, ки ин тавофуқ ба мабнои қобили эътимод барои рифоҳи муштарак дар Осиёи Марказӣ табдил шавад.

Сарони кишварҳо пешниҳоди раиси ҷумҳури кишварро барои баргузории панҷумин солгарди нишасти сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар 14 то 15 сентябр 2023 дар шаҳри Душанбе пазируфтанд, ки ҳамзамон бо нишасти баъди шӯрои сарони ин кишварҳо дар мавриди сандуқи байналмилалии наҷоти дарёи Арал баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад