Сарозер шудани мошин ба ҷарӣ дар Айнӣ

Дар пайи як ҳодисаи маргбори нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ як марду як зан ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши ВУД, сарозер шуадни мошин бо чор мусофир ба ҷарӣ дар ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда рух додааст.

Мошини “ГАЗ-2705”, таҳти идораи сокини 62-солаи шаҳри Истаравшан дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷарии 40-метрӣ сарозер шудааст.

Зикр шудааст, ки бар асари ин фоҷиа мусофирони мошин марди 57 ва зани 41-сола дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин ду мусофири дигар, ҷавони 23-сола ва зани 61-сола дар беморхона бистарӣ мебошанд.

ВУД таъкид намудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.

Рӯшан аст, ки нақзи қоидаҳои ронандагӣ хатарофарин аст ва сабаби бисёре аз ҳаводиси ногувори нақлиёти дар кишвар аст, аммо набояд фаромуш кард, ки ноободии роҳҳо ҳам метавонад дар афзоиши ҳаводиси ронандагӣ бисёр муассир бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад