Бердимуҳаммадов: муносибот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бар асоси эътимоду эҳтимом бошад

Сардор Бердимуҳаммадов гуфтааст: равобит байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бар пояи эҳтиром ва эътимод бошад.

Сардор Бердимуҳаммадов дар нишасти машваратии кишварҳои ОМ гуфтааст: равобит байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бар пояи эҳтиром ва эътимод бошад.

Президенти Ҷумҳурии Туркманистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон гуфт: равобит байни кишварҳои минтақа бояд бар асоси эҳтиром, эътимод ва баробарӣ бошад.

Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар бахше аз суханони худ дар иҷлоси сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чулпон-Оотои Қирғизистон мавзӯъи эҷоди эътимод дар равобити байнидавлатӣ ва гуфтугӯ дар шароити буҳрониро ба тафсил матраҳ кард.

Вай гуфт: аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хоста мешавад, то дар равобит бо якдигар улгуи эҳтиром, баробарӣ ва эътимод барқарор шавад ва ин ақоидро фаъолона дар арсаи байналмилалӣ густариш диҳанд.

Вай афзуд: дар ҳоли ҳозир Туркманистон дар ҳоли омодасозии ибтикорӣ дар Созмони Милал аст, то соли 2023-ро ба унвони соли байналмилалии гуфтугӯ ба унвони тазмини сулҳ эълом кунад ва мо интизор дорем, ки ин пешниҳоди созанда мавриди ҳимояти ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирад.

Вай афзуд: ҳамзамон мо пешниҳодеро ба Созмони Милали Муттаҳид ироа кардем, то қатъномаи Маҷмаъи умумиро бо унвони «минтақаи сулҳ ва эътимод дар Осиёи Марказӣ» -ро тадвин кунад, мо низ ба ҳимоят аз ин ибтикор ва пешниҳод умедвор ҳастем.

Вай бо ишора ба даргириҳои минтақаӣ тасреҳ кард: бо таваҷҷӯҳ ба шиддати физояндаи даргириҳои минтақаӣ, мавзеи ҳамоҳанги мо дар мавриди хунсосозӣ ва пешгирӣ аз онҳо аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Ман мӯътақидам ташдиди ҳамкориҳои дипломатик ҳам дар чорчӯби минтақаӣ ва ҳам бо дигар кишварҳо ба ҷиҳати ҳимоят аз талошҳои байналмилалӣ барои танишзудоӣ ва эҷоди шароити мусоид барои интиқоли онҳо ба масири музокира метавонад муассир бошад.

Раисҷумҳури Туркманистон афзуд: дар ин иҷлос мо метавонем чашмандози худро барои истифода аз механизмҳои дипломосии пешгирона дар минтақа, ба вижа аз тариқи фаъолиятҳои маркази минтақаӣ дипломосии пешгиронаи Созмони Милал барои Осиёи Марказӣ ироа кунем, то ҳамаи ҳимоятҳо ва кумакҳои мумкинро дарёфт кунем.

Бердимуҳаммадов идома дод: дар ин росто пешниҳод мекунам дар тирамоҳи имсол ройзаниҳое дар сатҳи вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва маркази минтақаӣ баргузор шавад.

Вай афзуд: мо ба таври мантиқӣ бетарафии Туркманистонро омили муҳиме дар ҷилавгирӣ аз даргириҳо медонем. Моилам мутазаккир шавам, ки нақши созандаи бетарафии Туркманистон тавассути ду қатъномаи Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо нависандагии муштараки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тасвиб расидааст, таъйид шуд.

Бердимуҳаммадов идома дод: пешниҳод мекунам аз ин омил дар иҷрои амалии бештари худ тавассути кишварҳоямон дар сатҳи байналмилалӣ барои тақвияти сулҳу суботи ҷаҳонӣ истифода кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад