Амрико барои Толибон 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ гузоштааст

Президенти собиқи Амрико гуфт, Вашингтон дар ҳоле аз Афғонистон хориҷ шуд, ки 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомии дараҷаи аввал барои Толибон боқӣ гузошт.

Доналд Трамп, президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муддаӣ шуд, ки Вашингтон 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомии дараҷаи аввалро дар Афғонистон боқӣ гузоштааст.

Вай афзуд: “Агар тақаллуб дар интихоботи Амрико рух намедод, мо дар вақти таъиншуда бо ифтихор аз Афғонистон берун мешудем ва метавонистем пойгоҳи низомии Багромро ҳифз кунем.”

Прамп илова кард: “Аммо Амрико бо дар ихтиёр гузоштани 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомии дараҷаи аввал ба Толибон ва кушта шудани чандин низомӣ Афғонистонро тарк кард.”

Ин иддаои Трамп дар ҳолест, ки шабакаи хабарии CNN ба нақл аз гузориши Вазорати дифои Амрико (Пентагон) гузориш додааст, ки наздик ба 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомии Амрико баъд аз хуруҷ аз Афғонистон, дар ин кишвар боқӣ мондааст.

Дар гузориши ин шабакаи хабарӣ омадааст, ки Пентагон барномаи бозгашт ба Афғонистон барои бозёбӣ ё нобудии таҷҳизоти низомии худро надорад.

Бар асоси ин гузориш, Амрико аз соли 2005 то августи 2021 дар кул 18.6 миллиард доллар таҷҳизот ба неруҳои артиши Афғонистон додааст, ки пас аз хуруҷи ин кишвар дар таърихи 30 августи 2021 таҷҳизоте ба арзиши 7.12 миллиард доллар дар Афғонистон боқӣ мондааст. Ба ин таҷҳизот ҳавопаймоҳо, лавозимоти ҷангии ҳавоӣ, мошинҳои ҳарбӣ, силоҳ, воситаҳои алоқа ва дигар мавод дохил мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад