Ними аз амрикоиҳо мӯътақиданд ба зудӣ шоҳиди ҷанги дохилӣ хоҳанд буд

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ, ними аз мардуми Амрико интизори вуқӯъи ҷанги дохилӣ тайи солҳои ояндаро доранд.

 

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ, ними аз мардуми Амрико интизори вуқӯъи ҷанги дохилӣ тайи солҳои ояндаро доранд.

Ба гузориши манобе хабарӣ, натоиҷи як назарсанҷӣ нишон дод ними аз амрикоиҳо интизор доранд «зарфи чанд соли оянда» дар кишварашон ҷанги дохилӣ рух диҳад.

Ба навиштаи вебгоҳи хабарии “Ҳил”, муҳаққиқони донишгоҳи Калифорния, барномаи таҳқиқотии муқобила бо хушунат ва маркази таҳқиқоти хушунат дар Калифорния бо ҳамкории якдигар дар бораи вуқӯъи ҷанги дохилӣ дар Амрико назарсанҷӣ анҷом доданд.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, 50.1 дарсад аз амрикоиҳо гуфтанд мувофиқ ҳастанд, ки ба зудӣ ҷанги дохилӣ дар Амрико рух медиҳад. Дар муқобил, 47.8 дарсад бо наздик будани Амрико ба ҷанги дохилӣ мухолиф ҳастанд.

Аз миёни ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ, 14 дарсад ба таври «қотеъ» ё «бисёр қотеъ» бо қарибулвуқуъ будани ҷанги дохилӣ мувофиқ буда ва 36 дарсад низ то ҳадде бо ин гузора мувофиқ ҳастанд.

Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, ду севум аз амрикоиҳо мегӯянд демократия дар кишваршон бо «таҳдиди ҷиддӣ» мувоҷеҳ аст ва 90 дарсад низ мӯътақиданд, ки аҳамияти вуҷуди демократия дар Амрико, «зиёд» ё «хеле зиёд» аст.

Бо ин вуҷуд беш аз 20 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ мӯътақиданд истифода аз хушунати сиёси «дасти кам дар бархе маворид» ба таври куллӣ қобили тавҷеҳ аст. Ҳудуди 20 дарсад низ бо ин гузора, ки хушунат барои муҳофизат аз демократия қобили тавҷеҳ аст, ба сурати «қотеъ» ё «бисёр қотеъ» мувофиқ ҳастанд.

Ҷолибтар инки як севум аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ мӯътақид ҳастанд барои ҷилавгирӣ аз дуздида шудани натиҷаи интихобот, истифода аз хушунат дасти кам то ҳадде қобили тавҷеҳ аст.

Ҳамчунин беш аз 10 дарсади ширкаткунандагон мӯътақид буданд истифода аз хушунат барои бозгардондани “Доналд Трамп“, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ба қудрат, қобили тавҷеҳ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад