Эрон ва Русия иттиҳоди ҷадид баробари Ғарб шакл додаанд

Сафари раиси ҷумҳури Русия ба Теҳрон дар конуни таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳон қарор дорад ва аз он ба унвони шакл гирии иттиҳоди ҷадид алайҳи Ғарб ёд мекунанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сафари рӯзҳои гузаштаи руасои ҷумҳури Туркия ва Русия ба Теҳрон ва мулоқот бо мақомҳои аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон, бозтоби густурдае дар матбуот ва расонаҳои ҷаҳон дошт ба тавреки бисёре аз онҳо ин нишастро “иттиҳоди ҷадид баробари Ғарб” қаламдод карданд.

Ҳафтҳномаи амрикоӣ “Newsweek”, рӯзи чаҳоршанбе дар ин бора навишт, “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия дар сафари ҳафтаи ҷории худ ба Теҳрон, барои аввалин бор аз замоне, ки дастури ҳамла ба Украинаро содир кард, ба хориҷ аз марзҳои иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ сафар кард. Ин навъи ҷадиде аз иттиҳод аст, ки метавонад дар муқобили Ғарб қарор гирад ва бар он фишор ворид кунад.

Бар асоси ин гузориш, ин сафар дар ростои баргузории нишасти “Раванди Остона”, ки барои ҳаллу фасли буҳрони Сурия ташкил шуда, баргузор шуд. Ин нишаст бо иқдомоти усулии худ боис шуда то ҳаҷми қобили таваҷҷӯҳе аз мушкилоти Сурия ҳал шаванд.

Дар ин байн сафари Путин ба Теҳрон дар бҳбуҳаи ҷанги ин кишвар бо Украина низ қобили таваҷҷӯҳ ва дар конуни таваҷҷӯҳот қарор гирифт ба тавреки “Ҷон Симпсон” муҷрии шабакаи хабарии “BBC” дар твите навишт: «сафари Путин ба Эрон иттиҳоди ҷадиди Русия, Эрон, Сурия, чин, Кореяи Шимолиро тақвият мекунад.»

“Яннис Келлог”, коршиноси андешкдаи олмонӣ мустақар дар Берлин гуфт, Эрон дар заминаи муқобила бо таҳримҳо, метавонад дарсҳое ба Маскав бидиҳд.

Вай ба хабаргузории “Руйтерз” гуфт: «Русия дар изои ҳамкори бо Эрон, метавонад колоҳои низомӣ ва ба таври мӯҳтамал маводди хом ё ғаллот ироа диҳад.»


Хабаргузории давлатии “РИА Новости” Русия низ дар таҳлиле навишт: «Русия ва Эрон акнун ба самти муоҳидаи ҳамкории роҳбурдии ҷомеъ ҳаракат мекунанд, ки метавонад 20 ё 25 сол идома ёбд ва эҳтимол дорад ҳамин имсол имзо шавад. Дар январ, Оятуллоҳ Сайид Иброҳими раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон пешнависеро ба Путин дар Маскав ироа кард ва моҳи гузашта “Сергей Лавров”, вазири хориҷаи Русия нусхаи русиро ба Теҳрон овард.»

Раиси ҷумҳури Русия дар поёни нишасти се ҷонибаи худ бо русои ҷумҳури Эрон ва Туркия дар гуфтугӯ бо хабарнигорони рус гуфт: «мо дар маърази ҳузури низомёни амрикоӣ дар шарқи Сурия будем ва мавзеи мо ин буд, ки Иёлоти Муттаҳида даст аз сирқати нафти Сурия бардорад.»

Вай таъкид кард, Эрон, Русия ва Туркия мувофиқ ҳастанд, ки Иёлоти  Муттаҳида бояд шарқи Фуротро тарк кунад.

Путин бо ишора ба нишасти се ҷонибаи Теҳрон афзуд, ҳадафи Русия, Эрон ва Туркия ёфтани роҳи ҳал аст ва ин раванд ба мо кумак карда, ки бештар манотиқи Сурияро ба ҳокимияти давлатӣ бозгардонем.

“Ҳусейн Амирабдуллоҳиён”, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи сешанбе баъд аз имзои асноди ҳамкорӣ байни Эрон ва Туркия бо ҳузури Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва “Раҷаб Тайиб Ардуғон”, раиси ҷумҳури Туркия дар твите навишт: «Эрон дастҳои гушӯдашуда ба сӯи худро мефишорд ва дар аввлавияти бахшӣ ба ҳамсоягон дар сиёсати хориҷии худ, ба сӯи таҳкими равобит бо ҳамсоягон ба пеш меравад.»

Вай дар ин Твит навишт: «Эрон бар масъулияти кишварҳои минтақа дар барқарории амният ва сабот ва ҳамкории созанда ва самарбахш дар ҷиҳати шукуфоӣ ва тавсеаи иқтисодии фарогири минтақа таъкид мекунад.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад