Тадовуми тарси рӯзафзуни режими Телавив аз қудрати паҳподии “Ҳизбуллоҳ”

Тадовуми тарси рӯзафзуни режими палиди саҳюнистӣ нисбат ба тавони паҳподии "Ҳизбуллоҳи Лубнон", мақомҳои аршади ин режими ҷинояткорро ба вокуниш водошт.

 

 

Ба гузориши манобе хабарӣ, дар идомаи тарси рӯзафзӯни режими муваққати саҳюнистӣ аз тавони паҳподии Ҳизбуллоҳ, ду мақоми аршади ин режим асри сешанбе ҳушдор содир карданд.

Ба навиштаи вебсайти “The Times of Israel”, “Яир Лапид”, нахуст вазир ва “Бенни Гантс”, вазири ҷанги режими ҷинояткори Исроил рӯзи сешанбе як рӯз пас аз инки Ҳизбуллоҳ як паҳподро бар фарози марзҳои Фаластини ишғолӣ ба парвоз даровард, ҳушдор доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ахиран иқдомоти худро ба вежа наздики минтақаи газиии “Кариш”ро шадид карда аст. Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷасуронатарин иқдоми худ, ҳудуди се ҳафта пеш чаҳор фарванд паҳподро ба самти сакуи газии Кариш фиристод.

Дар баёнияи иддаоӣ Яир Лапид ва Бенни Гантс омада аст: «Исроил омода барои муқобила бо ҳар таҳдиде аст. Мо вориди як рӯёрӯӣ намешавем, аммо ҳаркасе, ки бихоҳад ба ҳокимияти мо ё шаҳрвандони Исроил осеб бирасонад, хеле сареъ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки муртакиби иштибоҳи ҷиддӣ шуда аст.»

Ба гуфтаи коршиносон, парвози шиносоӣ паҳподи “Ҳасон” мутааллиқ ба Ҳизбуллоҳ дар умқи Фаластини ишғолӣ, ки болиғ бар 70 километр буд, ҳамчунон байни коршиносони саюунист, маҳалли баҳс ва баррасӣ аст ва нисбат ба ин масъала ба шиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ахиран рӯзномаи “Ал-Ахбор”-и Лубнон бо интишори гузорише ба таҳлили изҳориназроти коршиносони саҳюнистӣ дар ин бора пардохт ва навишт, равшан аст, ки сукути маҳофили расмии режими саҳюнистӣ дар қиболи ин масъала, нишонгари он аст, ки ба аҳамияти ин паём, вазъияти буғранҷ ва маҳдуди будани гузинаҳои пеш рӯи худ, изъон доранд ва зоҳиран «нуктаи ҷадиде, ки душман ба он пай бурда аст, ин аст, ки ончи аз вуқӯъи он метрсед, рух дода аст.


Ал-Ахбор дар идома навишт, парвози паҳподи Ҳизбуллоҳ дар умқ Фаластини ишғолӣ, ҳароси саҳюнистҳоро нишон дод; Ба наҳве, ке чандин бор нисбат ба «хатари дар ихтиёр доштани паҳподҳои пешрафта тавассути Ҳизбуллоҳ ва таъсири он дар муодилоти қудрат дар минтақа» ҳушдор дода буданд. Лизо Ҳизбуллоҳ дар канори нишон додани шикасти сомонаҳои дифоӣ саҳюнист дар сарнагунии ин пҳпод, қасд дошта аст, бахше аз тавонмандиҳои пешрафтаи худро нишон диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад