Путин вориди Теҳрон шуд

Презиеднти Русия лаҳазоте қабл барои иштирок дар нишаст Остона вориди пойтахти Эрон шуд.

Владимир Путин, президенти Русия бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони кишварҳои раванди Остона бо мавзуи минтақа ва Сурия вориди Теҳрон шуд.

Ин аввалин сафари Путин ба Эрон дар давраи раёсатҷумҳурии Иброҳим Раисӣ мебошад. Пеш аз ин Путин ва Раисӣ дар Маскав ва дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар бо ҳам мулоқот карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад