Толибон: мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шудааст

 Вазири хориҷаи Толибон гуфт: мушкилоти мавҷуд миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шуда ва ҳамсояи шимолӣ қавл додааст, то тасҳилотеро барои афзоиши равобити тиҷорӣ фароҳам кунад.

Вазири хориҷаи Толибон гуфт: мушкилоти мавҷуд миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шуда ва ҳамсояи шимолӣ қавл додааст, то тасҳилотеро барои афзоиши равобити тиҷорӣ фароҳам кунад.

Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон гуфт: мушкилоти бавуҷудомада миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шудааст. Вай тайи суханоне дар ҷамъи бузургони Қундуз афзуд: давлати Тоҷикистон ваъда додааст, ки тасҳилоти бештареро барои тиҷорат бо Афғонистон ба вуҷуд меовард.

Вазири хориҷаи Толибон бо баёни инки талош барои табдили Афғонистон ба маркази тиҷорати минтақа дар ҷараён аст, изҳор дошт: мушкилоти марзӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шуда ва барои тасҳили равобити тиҷоратӣ иқдомоте дар ҳоли анҷом аст.

Вай дар идома ба равобити дипломатик ишора кард ва гуфт: бархе сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ аз кишвар боз шуда ва барои бозгушоии сафоратҳои дигар низ кор ҷараён дорад.

Муттақӣ дар бора сафари ахири ҳайати Толибон ба Қатар низ гуфт: дар Доха бо намояндаи вижаи Амрико дар хусуси захоири арзии масдудшуда ройзанӣ анҷом шуд ва умедворем ин музокирот натоиҷи мусбат ба ҳамроҳ дошта бошад.

Ин изҳорот дар шароите аст, ки пеш аз ин як расона аз афзоиши мубодилоти тиҷорӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон хабар дода буд.

Ба навишти расонаҳо ба нақл аз Гумруки Тоҷикистон, мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар ба 40 миллион доллар афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли гузашта афзоиши 6 миллион доллариро сабт кардааст.

Аз тарафи дигар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки ба думболи қудрат гирифтани Толибон содироти барқ ба Афғонистон низ қатъ нашуда ва ба шакли рӯзона содироти барқ ба Афғонистон идома дорад.

Тоҷикистон тайи нимаи аввали соли ҷорӣ ба мизони 30 миллион доллар ба Афғонистон барқ содир кардааст.

Ба думболи қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон, равобит миёни ин гуруҳ ва Тоҷикистон бо таниш ҳамроҳ буд ва мақомоти Толибон Душанберо ба дахолат дар умури дохилии Афғонистон муттаҳам карданд.

Дар ин росто, Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири Толибон, Тоҷикистонро ба дахолат дар умури дохилии Афғонистон муттаҳам кардааст ва дар мусоҳиба бо шабака телевизиони Алҷазира, ба Тоҷикистон нисбат ба паёмадҳои эҳтимолии дахолат дар умури Афғонистон ҳушдор додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷмҳури Тоҷикистон дар Созмони Шангхай ба қудратёбии Толибон ва шомил шудани онҳо феҳристи террористии баёншуда аз ҷониби Шӯрои амнити  Созмони Милал таъкид карда ва раванди печидаи геополитики минтақаро печидатар дониста.

Ӯ таъкид карда буд, ки дар умури дохилии Афғонистон дахолат намекунад, аммо бовар дорад, ки барои расидагии муносиб ба мушкилоти сиёсӣ ва амниятии Афғонистон, як давлати ҷомеъ аз тариқи интихобот ва иродаи мардум бо мушорикати ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, миллӣ, қавмӣ ва ақаллиятҳо ташкил шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад