Сафари Байден дар ҷиҳати доман задан ба ташаннуҷ ва бесуботӣ дар минтақа

Саҳюнистҳо ибтидо фарши қирмиз зери пои Бойден паҳн карданд; ба умеди инки дар ҷараёни ин сафар Байденро дар ҳамон доме биандозанд, ки Трампро андохтанд ва бо санге ки Трамп бо таҳрику ташвиқи Натанёҳу дар чоҳи оби Барҷом андохта ҳазорон оқил натавонистаанд баъд аз чанд соли талош берун биоваранд.

Исроилиҳо ду дархости мушаххас аз Байден доранд :
Нахуст инки ба Барҷом барнагардад ва дувум инки агар ҳосили ин кор идома ва пешрафти фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бошад дар канори Исроил барои зарба задан ба ин талошҳо бимонад.
Дар ин росто дар оғози вуруди Байден ба Фаластини ишғолӣ шабакаи 12-и Исроил мусоҳибаи ихтисосӣ бо Байден анҷом дод, аммо саволҳои марбут ба Барҷомро ба гунаи чорчуббандӣ ва ҳадафмандона матраҳ кард, ки Байден танҳо битавонад аз байни ду гузинаи оре ё на якеро интихоб кунад . Дар воқеъ он чӣ ки расонаҳои ғарбӣ ва саҳюнистӣ аз Байден нақли қавл карданд монанди ” ҳатто ба баҳои нобудии Барҷом,Сипоҳ аз феҳристи гуруҳҳои террористии мавриди иддаои Амрико хориҷ нахоҳад шуд ” айни калимоту ҷумалоти Байден набуд, балки бахше аз суоли барномарезӣ ва мудириятшудаи муҷрии канали 12-и телевизиони Исроил буд, ки Байден маҷбур буд ба он бо посухи оре ё на ҷавоб диҳад .
Албатта ин ба мафҳуми ин нест, ки Байден бо бозгашт ба Барҷом валав бо хурӯҷи ҳама ё бахше аз Сипоҳ аз рӯйхати гуруҳҳои террористии мавриди иддаои Амрико мувофиқ аст ва ё мухолифи истифода аз гузинаи низомӣ таҳти ҳар шароите ҳатто бо шикасти комили Барҷом аст . Балки таъкид бар ин аст, ки чи гуна маҳофили саҳюнистӣ ҳарф дар даҳони масъулони Амрико он ҳам дар олитарин сатҳ мегузоранд ва онҳоро зери чатру контроли худ дармеоваранд ва дар айни ҳол нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ бархилофи иддаову мавозиъи эъломии Кохи Сафед аз сафари Байден дуруст дар ҷиҳати доман задан ба ташаннуҷ ва бесуботӣ дар минтақа истифода мекунад .
Алорағми ин талошҳову фиребкориҳо канали 12 телевизиони Исроил ба нақл аз манобеи амниятӣ гузориш дод, ки мақомҳои исроилӣ таии сафари Байден ба ин кишвар дар « тағйири мавозиъи Амрико дар қиболи Эрон ноком мондаанд » , ки ин мавзӯъ мунҷар ба ноумедии онҳо шудааст .
Ба дунболи эъломи ин гузориш масъулони исроилӣ дар посух ба Байден мусоҳибаеро байни канали 13- телевизиони Исроил бо раиси Шӯрои амнияти миллии ин режим тартиб доданд, ки дар ҷараёни он муҷрии шабака бо истифода аз суолоти чорчуббандишудаи раиси Шӯрои амнияти миллиро ба ифшои амалиёт дар хоки Эрон ва идомаи он ҳидоят кард .

Иял Ҳулата Eyal Hulata дар мусоҳиба бо канали 13 дар посух ба ин пурсиш ки оё Исроил ба танҳоӣ ва ҳатто дар сурати фишори Амрико алайҳи Эрон иқдом хоҳад кард, гуфт ки Исроил дар як соли гузашта борҳо дар Эрон даст ба амалиёт задааст.

Аз бароянди таҳаввулот чунин бармеояд, ки масъулони саҳюнистӣ ба шиддат бо истифода аз расонаҳои дохилии худ сафари Ҷо Байденро контрол ва мудирият мекарданд ва дар айни ҳол ба расонаҳои ғарбӣ ва бегона дар бораи наҳваи пӯшиши ин сафар хат ва ҷиҳат медоданд . Ба гунае ки аз канали 12 ин иборатро ба нақл аз Байден ба расонаҳо доданд ки ҳатто ба баҳои нобудии комили Барҷом, Сипоҳ аз феҳристи гуруҳҳои террористӣ хориҷ нахоҳад шуд ва дар муқобил аз канали 13 ин паёмро ба Байден доданд, ки Исроил боз ба иқдомоти якҷонибаи худ даст хоҳад зад ; ҳарчанд ки бо рӯйкарди давлати Байден дар тазмини амнияти судури энержӣ аз халиҷи Форс таъоруз дошта бошад .
Ҳарчанд имкон дорад Амрико дар ростои авлавиятбандии таҳдидҳои ҷадиди худ ки рӯйи Чин ва Русия мутамарказ шуда дар пайи барқарории субот дар халиҷи Форс бошад, то амнияти судури энержӣ аз ин минтақа, ки яке аз аҳдофи эъломии сафари Байден маҳсуб мешавад, тазмин шавад . Аммо бетардид режими саҳюнистӣ барои инки бархе аз кишварҳои навсозишкорро дар канори худ нигаҳ дорад ба бесаботӣ ва ташаннуҷ дар минтақа ниёз дорад ва мекӯшад мисли гузашта Амрикоро низ дар ин масир бо худ шарик ва ҳамроҳ созад, то ҳаддиақал бахше аз ҳазинаҳои низомӣ ва ғайринизомии онро мутаваҷҷеҳи Амрико созад ва ин дуруст баракси рӯйкарду роҳбурди Амрико таи дастикам як даҳаи ахир будааст, ки ҳаддиақал дар мавозиъи эъломии худ иддао мекард, ки намехоҳад дигар мисли гузашта аз ҷайби молиётдиҳандагони Амрико барои амнияти дигарон истифода кунад .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад