Рушди чашмраси содироти Тоҷикистон ба Афғонистон

Содироти Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли ҷорӣ ба 40 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2021, ҳудуди 6 миллион доллар афзоиш нишон медиҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Akipress, содироти Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли ҷорӣ ба 40 миллион доллар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2021, ҳудуди 6 миллион доллар афзоиш нишон медиҳад.

Тоҷикистон бештар семент, зуғоли санг, барқ ва маҳсулоти зироатӣ ба Афғонистон содир мекунад.

Аз тарафи дигар мақомоти Тоҷикистони эълом кардаанд, ки ба думболи қудрат гирифтани Толибон содироти барқ ба Афғонистон низ қатъ нашуда ва ба шакли рӯзона идома дорад.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон ҳам гуфт: мушкилоти бавуҷудомада миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳал шудааст.

Муттақӣ афзуд: давлати Тоҷикистон ваъда додааст, ки тасҳилоти бештареро барои тиҷорат бо Афғонистон дар назар бигирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад