Русия барои тасаллут бар шаҳри роҳбурдӣ дар шарқи Украина омода мешавад

Сухангӯи иттилооти низомии Украина бо ишора ба афзоиши таҳаррукоти артиши Русия мегӯяд, Маскав дар ҳоли омодасозӣ барои тасаллут бар шаҳри роҳбурдӣ дар шарқи Украина аст.

 

Сухангӯи иттилооти низомии Украина бо ишора ба афзоиши таҳаррукоти артиши Русия мегӯяд, Маскав дар ҳоли омодасозӣ барои тасаллут бар шаҳри роҳбурдӣ дар шарқи Украина аст.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, пас аз инки Маскав эълом кард неруҳои артиши ин кишвар амалиётҳои низомӣ дар ҳамаи навоҳии амалиётиро афзоиш хоҳанд дод, як мақоми низомии Украина эълом кард Русия дар ҳоли омодасози барои мароҳили баъдии амалиёти низомиаш дар хоки Украина аст.

“Вадим Скибитский”, сухангӯи иттилооти низомии Украина дар инбора афзуд: мо афзоиши гулӯлаборони (артиши Русия) дар хутути тамос ва дар кулли хатти муқаддамро мебинем. Истифода аз болгардҳои таҳоҷумӣ ва истифода аз ҳавонаварди тактики афзоиш ёфта аст. Дар воқеъ фаъолият ва таҳаррукоти душман дар хатти муқаддам ташдид шуд, ки ба вузӯҳ омодасозӣ барои анҷоми мароҳили баъдии таҳоҷумро нишон медиҳад.

Бино бар иддаои артиши Украина, зоҳиран Русия дар ҳоли таҷаммӯъи ягонҳои худ барои ҳамла ба шаҳри “Славянск” аст; Шаҳри роҳбурдӣ дар устони “Донетск” дар шарқи Украина, ки аз аҳамияти болое бархурдор аст.

“Сергей Шойгу”, вазири дифоъи Русия рӯзи шанбе дар ҷараёни боздид аз неруҳои артиши ин кишвар, ки дар ҷанги Украина фаъол ҳастанд, гуфт: ягонҳои артиш бояд фаъолитҳо ва амалиётҳои худро афзоиш диҳанд то ҳамалоти артиши Украина алайҳи ғайринизомёни (манотиқи таҳти кантроли Русия) мутаваққиф шавад.

Дар ҳамин робита вазорати дифоъи Русия низ баёнияе содир кард, ки дар бахше аз он омада аст: риёсати вазорати дифоъи Русия ба манзури ҷилавгирӣ ва ҳазфи эҳтимоли ҳамалоти ракетӣ ва тӯпхонаӣ сангини режим Киев алайҳи ғайринизомён ва зерсохтҳои минтақақи Донбасс ва дигар манотиқ, дастуротеро барои тақвият ва афзоиши иқдомот ва амалиётҳои таҳоҷумии ягонҳо ва гурӯҳҳои фаъол дар ҳавзаҳои амалиёти содир кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад