Музокироти марзии мақомоти Тоҷикистону Узбекистон дар Фарғона

Аъзои коргуруҳи муштараки аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Узбекстон бо якдигар музокира карданд.

Аъзои коргуруҳи муштараки аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Узбекстон тайи 5 рӯз дар шаҳр Фарғона идомаи раванди таъйини ноҳяҳои марзии ду кишвар ро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин музокирот тарҳҳои ду тараф барои ниҳоӣ кардани тафоҳумномаи аломатгузории марзии Тоҷикистон ва Узбекистон ироа шуд.

Ин дар ҳолеаст, ки Ориф Хоҷазода, раиси кумитаи замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом кард, аз ҳазору 326 километр марзи муштарак бо Узбекистон ҳазору 319 километр аломатгузорӣ шудааст.

Аммо мушкили аломатгузории 7 километри боқимонда марбут ба манотиқе аст, ки дар қаламрави се кишвари Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизстон дар водии Фарғона қарор дорад.

Вай таъкид кард миёни Тоҷикистон ва Узбекстон ҳеҷ ихтилофе бар сари марзҳои муштарак вуҷуд надорад.

Дидор баъдии коргуруҳи муштараки аломатгузории марзи ду кишвар дар Тоҷикстон баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад